Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
6-7 ноябри соли 1997 бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси БИР ҷаноби Аҳмад Муҳаммад Алӣ барои ҷамъбасти корҳои мутахассисони худ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд. Сафари расмии ин меҳмони воломақом ду рӯз идома ёфт ва ба рӯзҳое рост омад, ки халқи Тоҷикистон сесолагии қабул шудани Конститутсия (Сарқонун)-и кишвар ва интихоби Президенти мамлакатро ҷашн мегирифтанд. Бо вуҷуди ин меҳмони олиқадр бо роҳбарони давлату ҳукумат, вазорату идораҳои марбута вохӯрию сӯҳбатҳои судманд анҷом дод.
Раиси БИР бо роҳбарияти вазоратҳои нақлиёт ва хоҷагии роҳ, маориф, тандурустӣ, Президенти Ширкати давлатии саҳомии холдингии "Барқи Тоҷик", Сардори "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфтушунид намуда, лоиҳаҳои мушаххасу мухталифи пешрафти ин соҳаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Зимни ин сафар се ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид. Ҳуҷҷати аввал ин созишномаест, ки тибқи он БИР соли 1997 ба Тоҷикистон барои харидани таҷҳизоти тиббӣ барои Маркази ҷумҳуриявии кардиологӣ 3,5 млн. доллари амрикои ҷудо кард.
Соли 1998 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаи кредитӣ бо Бонки Исломии Рушд дар ҳаҷми 8.82 млн. доллари ШМА ба таҷдиди мактабҳои маълумоти умумӣ шурӯъ намуд.
Ду ҳуҷҷати дигар ба он нигаронида шудаанд, ки БИР ҳамчун грант барои идома додани сохтмони минтақаи 15 километраи шоҳроҳи Помири шарқӣ-ағбаи Кулма-Қароқурум - 280 ҳазор доллари ШМА ва азхуд намудани шаш ҳазор гектар замини водии Данғара - 200 ҳазор доллари ШМА маблағро барои омӯзиш, тайёр намудани лоиҳаҳои лозима ҷудо намуд.
Ҳамкорӣ бо БИР имконият фароҳам овард, ки кишвари мо дар бозорҳои кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз шарики боэътимод пайдо кунад.
Имрӯзҳо дар заминаи қарзҳои ҷудо намудаи БИР дар Тоҷикистон кор дар асоси 5 лоиҳаи тасдиқшуда босуръат пеш рафта истодааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор