Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

исломӣ расид, онро ба 600 000 дорои номинали 10 000 динори исломӣ ҳар кадом тақсим карда шуданд. Сармояи саҳомии он 4 млрд. динори исломиро ташкил медиҳад, ки мутобиқи ҷадвали махсус ва бо асъори табдили озод ба Бонки дахлдор пардохта мешавад.

Арзиши динори исломӣ, ки воҳиди ҳисоби Бонки Исломии Рушд мебошад, ба як СДР (Ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ)-и ХБА баробар аст.

Баъд аз сафарҳои расмии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов соли 1994 ба давлати Кувайт, соли 1995 ба пойтахти АМА шаҳри Абузабӣ ва дар бозгашт шаҳри Дубай, соли 1996 ба Арабистони Саудӣ, ки дар рафти онҳо созишномаҳои зиёд оид ба бароҳмонии муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ асос гузошта шуда буд, Роҳбарияти ин давлатҳо ба Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аксарияти аҳолии он мусулмон мебошанд, таваҷҷӯҳи хосае пайдо намуда, дар рафти мулоқотҳо барои дохил шудани Тоҷикистон ба узвияти Созмони БИР ҷонибдории худро изҳор карданд.

Баъд аз тасвиби Маҷлиси Олӣ Созишномаи баимзорасидаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва БИР дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №336 аз 14 декабри соли 1996 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи БИР гардид.

Идораи минтақавии Бонки Исломии Рушд дар ш. Алмаато, Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад.

Аввалҳои соли 1997 сардори идораи амалиётҳо ва лоиҳаҳои БИР Форуқ-аз-Замон бо мақсади анҷом додани кор аз рӯи лоиҳаҳои ҷиҳозонидани Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, инчунин омӯхтани имкониятҳои таҳияи барномаҳои нави ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР ба Душанбе омад. Бо тавсияи Бонки мазкур ду нафар мутахассис аз Туркия ва Покистон барои омода сохтани ин лоиҳаҳо, ки барқарор кардани мактабҳои харобгардида, муассисаҳои соҳаи нигоҳдории тандурустӣ дар деҳот, таъмири роҳҳои мошингард ва дигар масъалаҳои вобаста ба реабилитатсияи системаи тақсимоти қувваи баркро дар бар мегирифтанд, ба Душанбе омаданд.

пешина
аз 785
навбатӣ