Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§ 15.2. СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ ВА ТАРАҚҚИЁТ
Баъд аз ГАРКОСОС дар СММ Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт (ОЭСР) дар ҷаҳон дуюмин ташкилоти бонуфузи иқтисодӣ ба шумор меравад. Ин созмон соли 1961 бо иштироки 21 давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ нисбатан тараққикардаи ҷаҳон ташкил шуда буд. Қароргоҳи он дар пойтахти Франция - Париж таъсис дода шудааст. То имрӯз 30 давлат (Австралия, Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Венгрия, Германия, Юнон, Дания, Ирландия, Исландия, Испания, Италия, Канада, Люксембург, Мексика, Нидерландия, Зеландияи Нав, Норвегия, Полша, Португалия, Кореяи Ҷанубӣ, ШМА, Туркия, Финляндия, Франция, Чехия, Швейтсария, Шветсия, Япония, Федерацияи Россия) аъзои комилҳуқуқи ин созмон ба шумор мераванд, ки қисми зиёди онҳоро давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ташкил медиҳанд. Вазифаи муҳими СҲИТ пеш аз ҳама дар асоси таҳлили вазъи иқтисодии давлатҳои алоҳида тартиб додани барномаи тараққиёти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти давлатҳои узви созмон, таҳияи пешниҳодот оид ба беҳтар намудани танзими хоҷагӣ дар сатҳи макроиқтисодии соҳавӣ, аз ҷумла дар тиҷорати байналмилалӣ ва пешбурди сиёсат доир ба дастгирии молиявии давлатҳои рӯ ба инкишоф ба ҳисоб меравад.
Федерацияи Россия аъзои ҷавонтарини ин созмон ба шумор меравад. Соли 1994 баъд аз ба имзо расидани "Эъломия оид ба ҳамкорӣ" ва "Созишнома дар бораи имтиёзҳо ва масуният" Ҳукумати Федерацияи Россия дар тӯли 2 сол низоми қисмати муайяни қонунгузории давлати худро бо меъёрҳои ин созмон мувофиқ намуда, моҳи майи соли 1996 баъд аз хоҳиши расмии ҳукумати худ ба ҳайси аъзои комилҳуқуқи ин созмон қабул карда шуд.
Мақоми олии СҲИТ шӯрои таъсисдодашудаи он ба шумор меравад, ки ба ҳайати он намояндагони 30 давлати аъзои комилҳуқуқи он дохил мешаванд. Шӯрои СҲИТ ҳар сол як маротиба дар сатҳи вазирони ҳама давлатҳои аъзо дар ҷаласаи худ натиҷаҳои фаъолияти солонаро ҷамъбаст намуда, нақшаҳои муҳимтарини худро барои солҳои наздик тасдиқ менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор