Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ЭКОСОС. Дар байни созмонҳои номбурда ЭКОСОС яке аз сохторҳои муҳими иқтисодии СММ ба шумор меравад. Ҳар сол ду маротиба дар ҷаласаҳои навбатӣ фаъолияти кории худро ҷамъбаст намуда, бо иштироки 54 аъзои худ барномаҳои фаъолияти худро барои ҳар 5 соли корӣ тасдиқ менамояд.

Дар асоси иттилоот ва пешниҳодоти намояндагии махсусгардонидашудаи сершумори худ тамоми фаъолияти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон ва куллан иқтисодиёти ҷаҳонро ҳамоҳанг карда, мувофиқи натиҷаҳои бадастоварда давлатҳои ҷаҳонро ба гурӯҳҳои ба худ хос тақсим мекунад.

Имрӯзҳо таҳти роҳбарии ЭКОСОС панҷ комиссияи минтақавии иқтисодӣ фаъолият менамояд:

• Комиссияи иқтисодии Европа (марказаш дар Женева, Швейтсария), бо 53 давлати аъзо;

• Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО, Гонконг, Таиланд), бо 49 давлати аъзо;

• Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои давлатҳои Осиёи Шарқӣ (ЭСКЗА, Уммон, Урдун), бо 13 давлати аъзо;

• Комиссияи иқтисодии СММ барои қитъаи Африка (ЭКА, Аддис-Абаба, Эфиопия), бо 53 давлати аъзо;

• Комиссияи иқтисодии СММ барои давлатҳои Америкои Лотинӣ бо ҳавзаи Қариб (ЭКЛАК, Сантяго, Чили), бо 41 давлати аъзо.

Ҳар як комиссияи номбурда идораҳо ва кумитаҳои махсуси худро бунёд намуда, бо ҳайати сершумори мутахассисони худ корҳои зиёди тадқиқотӣ, барномасозӣ ва бунёди лоиҳаҳои вобаста ба таъмини пешрафти соҳаҳои алоҳида ва муҳими давлатҳои аъзои ин созмонҳоро тартиб дода, барои татбиқи онҳо ба воситаи бонкҳои ҷаҳонӣ маблағҳои лозимиро ҷудо менамояд.

пешина
аз 785
навбатӣ