Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
лошитанашон дар ҳайрат монда, бо эҳсосоти бепоён ба ватанаш баргашт.
Баъд аз сафар дар баромади худ доир ба натиҷаҳои мулоқот ва музокирот бо роҳбарияти олимакоми 4 давлати Осиёи Миёна Сардор Асиф Аҳмад Алӣ муфассал бо Президент ва Маҷлиси Шӯро ҳисобот дод. Дар рафти ҳисобот мувофиқи навиштаҷоти яке аз сиёсатшиносони покистонӣ оғои Алӣ Каромат - Сардор Асиф Аҳмад Алӣ дар асоси дини ислом мустаҳкам намудани муносибатҳои Покистон ва давлатҳои навбунёди Осиёи Марказиро зери танқид гирифта, барои бо молҳои истеҳсоли покистонӣ ҳарчи тезтар вориди бозори давлатҳои навбунёди Осиёи Миёна ва Қазоқистон шудан, сиёсати ҳарчи бештар равнақу ривоҷ додани ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷорат, иқтисодиёт ва фарҳанг пешниҳод намуд.
Чунин хулосаҳои ба ном беасоси Сардор Асиф Алӣ аз тарафи фундаменталистони исломӣ зери танқиди сахт гирифта шуда, то аз вазифаи вазири иқтисод сабукдӯш шудани ӯ оварда расонд.
Бо вуҷуди чунин ранг гирифтани масъала солҳои баъдӣ Ҳукумати Покистон бо давлатҳои навбунёди Осиёи Марказӣ сиёсати равнақу ривоҷ додани ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат, иқтисодиёт ва фарҳанг пеш гирифт.
Бо пешниҳоди Президенти Покистон Сардор Форуқ Аҳмад Лагорӣ 22 марти соли 1994 ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии сардори давлат Раҳмонов Э. Ш. сафари расмии худро аз шаҳри Исломободи Покистон оғоз намуд.
Қабули Президенти Тоҷикистон дар майдони ҳавоии шаҳри Исломобод ботантана ва ба риояи талаботи байналмилалӣ қабул дар сатҳи олӣ, дар асл самимию бо эҳтироми махсус гузаронида шуд.
Дар мавриди истиқболи Президент Раҳмонов Э.Ш. Сарвазири Покистон - Беназир Бҳутто, ҳайати олирутбаи Покистон, сафирони тамоми сафоратҳои давлатҳои дунё, ки дар Исломобод фаъолият мекунанд, ҳузур доштанд. Дар рафти вохӯриҳо ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарияти олимартабаи ду давлат як силсила масъалаҳои муҳими оид ба дар ояндаи наздик равнақу ривоҷ додани робитаҳои бисёрҷонибае, ки Покистонро бо Тоҷикистон наздик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор