Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
менамояд, масъалаҳои оид ба вазъияти ҷойдошта дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳаллу фасли худро ёфтанд.
Аз мулоқотҳо бо Ҳукумати Покистон баръало дида мешуд, ки роҳбарияти ин давлат баъд аз иттилооти пурра доир ба сиёсат ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқи зиёд пайдо карданаш барои ҳарчи тезтар барқарор кардани муносибатҳои дуҷониба омодагии худро зоҳир менамуд.
Дар рафти ин сафар дар шаҳри Исломобод 5 ҳуҷҷати байнидавлатӣ ба имзо расид, ки онҳо барои дар ояндаи наздик барои боз ҳам вусъат додани муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат асос гузоштанд:
-
Протоколи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон доир ба бунёди комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон.
-
Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба кӯмаки тарафайни ва ҳифзи сармоягузорӣ.
-
Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 20 млн. доллари амрикоӣ.
-
Протоколи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон.
-
Протокол оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лоҳур.
-
Изҳороти муштарак.
Бояд қайд кард, ки қарзи давлатии ҷудокардашуда бештар барои пардохти маводи хӯрокӣ ва молҳои истеъмолии ниёзи мардум, ки асосан дар корхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон истеҳсол карда шудаанд, бояд равона карда мешуд. Аз тарафи дигар, ин маблағ ба тоҷирони ду давлат барои дар оянда инкишоф додани муносибатҳои бевоситаи ғайридавлатӣ қувват ва боварӣ медод.
Тавассути созишнома оид ба қарзи давлатӣ робитаҳои
иқтисодии ин ду давлат дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин хеле хуб ба роҳ
монда шуданд. Агар солҳои 1992-1994 дар тиҷорати хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон маблағи ночизе ба қайд гирифта шуда бошад, пас соли 1995 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ду давлат ба 3837, 1 ҳазор доллари ШМА, соли 1996 ба 7466.8 ҳазор доллари ШМА расонида шуд.
Дар ояндаи наздик бо истифода додани роҳи азиме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Покистон бевосита мепайвандад, тиҷорати ду давлат авҷ хоҳад гирифт.
Лекин бо вуҷуди мушкилоти роҳ чӣ тоҷирони тоҷик ва чӣ тоҷирони покистонӣ ҳар рӯз дар бобати ба ҷумҳурӣ ворид намудани мавод кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд.
Тавассути хатти амалкунандаи ҳавоии Душанбе-Қарочӣ-Душанбе ҳар ҳафта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи садҳо ҳазор доллари ШМА молҳои гуногун ворид мешаванд.
Дар баробари ин солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди якчанд корхонаҳои муштараки Тоҷикистон у Покистон ба қайд гирифта шудааст.
Чанд сол аст, ки корхонаи муштараки "Нек-стар интернешнл"
дар шаҳри Панҷакент ба коркарди пӯст машғул аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор