Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
-
Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ-техникии байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон.
-
Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм.
Аммо, дере нагузашта, бо сабаби дар Тоҷикистон сар задани даргириҳо амалӣ шудани нақшаҳо дар бахши масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ муваққатан боздошта шуд.
Охирҳои соли 1992 сафари аввалини расмии олимартабаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сарварии Вазири иқтисодиёти ин давлат Сардор Асеф Алӣ ба давлатҳои навбунёди Осиёи Миёна оғоз гардид. Моҳи апрели соли 1992 баъд аз боздид ва шиносӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон ин ҳайат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ боздид намуд. Мақсади асосии ин сафар дар баробари шиносӣ бо роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои омӯхтани вазъи сиёсии мамлакат, фикру ақидаҳои роҳбарияти онҳо, мақсаду мароми ҳизбҳои сиёсӣ, муайян намудани мавқеи ҳизбҳо дар ҷамъият иборат буд. Бояд қайд кард, ки қисми муайяни роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки намояндагони ҳизби "Лигаи мусулмонони Покистон" буданд, умед доштанд, ки дар ояндаи наздик бо сабабҳои тезутунд гардидани вазъи сиёсӣ ва суст шудани таъсири шӯравӣ - бозсозиҳо дар кулли давлатҳои Осиёи Миёна сохтори давлатҳои мусулмониро ба майдон меоварад.
Дар асоси барномаи ҳукуматие, ки тамоми талаботи сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба эътибор гирифта шуда буд, вохӯрии Сардор Асеф Алӣ ва ҳайати олирутбаи ӯ дар сатҳи роҳбарияти онвақтаи ҳукумат, вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони ҳизбҳои амалкунандаи Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Бояд қайд кард, ки Сардор Асиф Аҳмад Алӣ, ки солҳои зиёд вазири корҳои хориҷии Покистон буд ва дар дунё ҳамчун дипломати дақиқ ва таҷрибанок шинохта шудааст, аз озодфикрини ҳамсӯҳбатони худ, аз самимияти онҳо оид ба бунёди давлати ҳозиразамони дунявӣ, аз меҳру муҳаббате, ки онҳо ба миллатҳои тамоми давлатҳои навбунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла, бо русҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор