Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Режими низомии Муҳаммад Зиёулҳақ зиёда аз 10 сол, то августи соли 1988 ҷорӣ буд.
Бояд қайд кард, ки дар давраи сарварии Зиёулҳақ ба бунёд ва пуркудрат кардани қувваҳои мусаллаҳи Покистон эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Дар ин давра аз нерӯҳои хушкигард, ҳарбии ҳавоӣ ва ҳарбии баҳрии қувваҳои мусаллаҳи нерӯҳои мунтазами Давлати Покистон бунёд карда шуда буданд.
Қувваҳои мусаллаҳи нерӯҳои мунтазам бо навъҳои ҳозиразамони аслиҳаҳои сабук ва вазнин, ҳавопаймоҳои босуръати Фантом ва Б-52, киштиҳои ҷангии ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд.
17 августи соли 1988 Муҳаммад Зиёулҳақ бо ҳамроҳии гурӯҳе аз роҳбарони олимартабаи кишвар дар садамаи ҳавоӣ ба ҳалокат расид. Баъди марги Зиёулҳақ дар кишвар вазъи фавқуллода ҷорӣ гардид. Вазифаи президентӣ ба зиммаи раиси сенат Ғулом Исҳоқхон вогузор шуд.
16 ноябри соли 1988 интихоботи Маҷлиси миллӣ доир гардид, ки дар он "Ҳизби халқии Покистон" ва "Иттиҳодияи демократии ислом" - блоки нӯҳ ҳизб иштирок намуданд. Баъди муборизаи шадиди интихоботии "Ҳизби халқии Покистон" пирӯз гашт ва моҳи декабр бо сарварии Беназир Бҳутто ҳукумати худро таъсис дод.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ Беназир Бҳутто дар баробари равнақу ривоҷ додани истеҳсолот, соҳаҳои кишоварзӣ дар бахши сиёсӣ низ қадамҳои устувор мениҳод. Ҳукумати нав вазъияти фавқуллодаро бекор карда, Шӯрои олии роҳбарикунандаи онро пароканда намуд. Фаъолияти иттифоқҳои касаба ва донишҷӯёнро озод эълон карда, тамоми маҳбусони сиёсиро озод намуд. Ҳукумати Беназир Бҳутто дар вазъияти басо мушкил амал мекард. Ҳизбҳои мухолиф бо ҳар роҳ мехостанд ба онҳо зарба зананд. Ва дар зери таъсири мухолифин Президент 6 августи соли 1990 Маҷлиси миллиро даъват намуда, дар он истеъфои садри аъзам ва тамоми ҳайати вазиронро эълон дошт. Ва аз ҳисоби ҳизбҳои мухолиф ҳукумати муваққатӣ таъсис дод.
24 октябри соли 1990 дар интихобот ба Маҷлиси миллӣ "Иттиҳодияи демократии исломӣ" ғалаба ба даст овард ва сарвари он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор