Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

аҳамияти калон медиҳад. Ҳоло Покистон дорои бештар аз 500 корхонаҳои хӯрокворӣ, аз ҷумла, заводу фабрикаҳои истеҳсоли равғани растанӣ, қанд, тамоку, маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, қаннодӣ, чой ва ғайра мебошад.

Танзими давлатии тиҷорати қанд, ғалла, равған ва як қатор масолеҳи саноатии сермасриф анҷом дода шуд. Моҳи марти соли 1972 ислоҳоти замин гузаронида шуд, ки мувофиқи он андозаи заминҳои мулкдорони калон маҳдуд карда шуд. 21 апрели соли 1972 вазъи низомӣ, ки аз 25 марти соли 1969 дар кишвар ҷорӣ буд, бекор карда шуд. 14 августи соли 1973 Қонуни асосии нав, ки аз ҷониби намояндагони халқ таҳия шуда буд, ба ҳукми қонун даромад. Қонуни асосии нав низоми ҷумҳурии порлумонӣ ва сохтори федеративиро барқарор намуд. Моҳи август Фазлуллоҳ Чеудҳурӣ Президент интихоб ва Зулфиқор Алӣ Бҳутто садри аъзами кишвар таъин карда шуданд. Дар шароити муташанниҷ гардидани зиддият миёни ҳизбҳо ва табақаҳои гуногун 7 марти соли 1977 интихоботи парламентӣ доир гардид. Ба ҳизби ҳоким блоки 9 ҳизби оппозитсионӣ, ки моҳи январ "Иттиҳодияи миллии Покистон"-ро таъсис намуда буданд, муқобил меистоданд.

"Ҳизби халқии Покистон" дар интихобот аксарияти овозҳоро соҳиб шуда, бо сарварии Зулфиқор Алӣ Бҳутто ҳукуматро таъсис дод. Аммо ҳизбҳои мухолиф интихоботро беэътибор донистанд. Аз ҳамин давра дар кишвар даргириҳои дохилӣ оғоз ёфта, рӯз то рӯз шиддат мегирифтанд. Дар натиҷа, 5 июли соли 1977 бори сеюм табаддулоти низомӣ доир гардид ва дар мамлакат вазъи ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд. Фаъолияти сохторҳои давлатӣ қатъ гардида, Қонуни асосӣ манъ карда шуд. Ҳокимиятро сардори ситоди артиши хушкигард генерал Муҳаммад Зиёулҳақ ба даст гирифт ва аз моҳи сентябр раиси ҷумҳури кишвар шуд.

Дар рӯзҳои аввали роҳбарӣ фаъолияти тамоми ҳизбҳои сиёсӣ қатъ гардиданд. Пешвои "Ҳизби халқии Покистон" Зулфиқор Алӣ Бҳутто барои ширкат дар куштори сиёсӣ 4 апрели соли 1977 ба қатл расид.

пешина
аз 785
навбатӣ