Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Навоз Шариф садри аъзам таъин шуд. Вале дере нагузашта, моҳи октябри соли 1993 дар интихоботи навбатӣ "Ҳизби халқии Покистон" пирӯз гашт ва роҳбари он Беназир Бҳутто садри аъзам таъин шуд.

Б. Бҳутто сиёсати солҳои 1988 пешгирифтаашро давом дода, барои пешрафти иқтисодиёти мамлакати худ, тараққиёти илму техника, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ хизматҳои шоёне кардааст. Ба соҳаи тандурустии мамлакат маблағи заруриро ҷудо карда, барои бунёди бемористони ҳозиразамон кӯшиши зиёдеро ба харҷ додааст.

Масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии маҳаллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат буд. Соҳаи кишоварзиро дастгирӣ намуда, истеҳсоли гандум дар соли 1994 ба 15,1 млн. тонна, биринҷ 3,9 млн. тонна, найшакар 44,6 млн. тонна, шир 292 ҳазор тонна ва гӯшти мург ба 110 ҳазор тонна расонида шуд. Истеҳсоли пахта бошад 1,5 млн. тоннаро ташкил дод.

Соли 1994 таҳти роҳбарии Президент ба бозсозии иқтисодии мамлакат оғоз намуданд. Ҳукумати Покистон дар назди худ мақсад гузошт, ки дар натиҷаи дастгирии соҳаи кишоварзӣ, энергетика, саноати вазнин ва мӯътадил гардонидани вазъи молиявии мамлакат дар байни давлатҳои Шарқи Наздик яке аз давлатҳои бузург гардад. Барои муваффақ шудан ба ин мақсад Покистон пешрафти иқтисодии мамлакатро дар ҳамкорӣ бо ИМА, Япония, Хитой ва давлатҳои мутараққии Аврупо медид. Солҳои охир муносибатҳои ҳарбию иқтисодии худро бо давлатҳои зикршуда қавитар намуда, тамоми соҳаи ҳарбии мамлакатро бо силоҳи замонавӣ таъмин намуд. Мувофиқи нақшаи амалишудаистода Покистонро дар солҳои наздик дар минтақаи Осиё ҳамчун "маркази қувва" ва "маркази тараққиёти иқтисодӣ" бояд шиносанд.

Моҳи ноябри соли 1996 Беназир Бҳутто бо фармони Президент Сардор Форуқ Аҳмад Логарӣ аз вазифа озод карда шуд. Моҳи феврали соли 1997 дар интихобот ҳизби "Лигаи Муслим" ғолиб гашт ва сарвари он Навоз Шариф Сарвазири Покистон интихоб гардид.

Президенти Покистон аз соли 1993 то соли 2001 Сардор Форуқ Аҳмад Логарӣ буд.

пешина
аз 785
навбатӣ