Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

маслиҳатомези бӯҳрони Афғонистон ва дигар масъалаҳои мавриди назари тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ин вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи хеш Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Камол Харрозиро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот масъалаи густариши ҳамкориҳои идораҳои сиёсати берунии ду кишвар мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Сипас музокироти Тоҷикистону Эрон дар сатҳи олӣ бо иштироки роҳбарони ҳар ду давлат ва ҳайатҳои расмии тарафайн баргузор гардид. Дар вохӯрӣ бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки мутобиқи мувофиқатномаи комиссияи муштараки тиҷоративу иқтисодӣ ба миён омада, қариб ҳамаи маблағи қарзи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми 25 млн. доллари амрикой барои бунёди иншоотҳои обию барқӣ ва сохтмони роҳҳои автомобилгард ва дигар соҳаҳо истифода мешавад. Ҷонибҳо омодагии худро дар бобати ҳамкориҳои сеҷонибаи миёни Тоҷикистон, Эрон ва Россия дар сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда иброз доштанд. Ояндаи наздик яке аз ширкатҳои эронӣ фаъолияташро дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда шурӯъ мекунад. Зимни музокирот оид ба таҳияи барномаи панҷсолаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаи иқтисодӣ қарор қабул гардид. Мувофиқи мақсад дониста шуд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки дуҷонибаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад. Инчунин, дар ин вохӯрӣ мавқеи ҳар ду кишвар оид ба ҳалли масъалаи Афғонистон тайид гардид.

Дар доираи сафари Президенти ҷумҳурӣ Э. Раҳмонов ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аъзои ҳайати расмӣ низ дар бобати инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба як силсила вохӯриву мулоқотҳо анҷом доданд.

Раиси комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, муовини аввали вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии берунӣ Маҳмудов И.М. бо ҳамраиси комиссияи номбурда аз ҷониби Эрон, Вазири ҷиҳози созандагии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саиди Киё масъалаҳои рушду инкишофи ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуд.

пешина
аз 785
навбатӣ