Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Моҳи марти соли 2001, дар асри нави ҳазораи сеюм дар байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамтаърих, давраи нави ҳамкориҳо ва муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ оғоз ёфт.

Ин сафар ба кишвари дӯсту бародар дар шароите сурат мегирад, ки Тоҷикистон бо анҷоми ислоҳоти сиёсӣ дар фазои сулҳу осоиш, ваҳдату якпорчагӣ ва оғози бунёдкориву созандагиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барои истиқболи даҳумин солгарди истиқлолияти миллӣ омодагӣ дорад.

Робитаҳои гуногунсоҳаи ду кишвари дӯсту бародар, ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг бо имзои як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Эрон, ки дар сатҳҳои гуногун ҷараён гирифтанд, рӯз то рӯз густариш меёбанд.

Бо даъвати Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оғои Меҳдии Каррубӣ 10 марти соли 2001 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев ба шаҳри Теҳрон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии «Меҳробод»-и шаҳри Теҳрон М. Убайдуллоевро Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оғои Меҳдии Каррубӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Дар мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҷаноби оғои Каррубӣ, ки 10 март баргузор гардид, тарафҳо дар атрофи масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба робитаҳои дуҷонибаи гуногунсоҳа сӯҳбати самимӣ доштанд. Дар ҷараёни сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Муҳаммади Ҳотамӣ, Раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Камоли Харрозӣ ва шаҳрдори Теҳрон Муртазо Алварӣ низ музокира намуд.

Дар Эъломияи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии
Ҷумҳурии Исломии Эрон омадааст, ки тарафҳо бо назардошт ба

пешина
аз 785
навбатӣ