Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
воқеии иқтисодӣ. таҳкими амнияти минтақаи Осиё, шукуфоӣ ва тараққиёти зиндагии мардумони он ба шумори меравад.
Иштирокчиёни вохӯрии шашуми давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар ҷамъбаст ҳуҷҷати асосии ҷамъомад - Эъломияи Теҳронро қабул карданд, ки дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои минтақавӣ муайян шуда, дурнамои фаъолияти минбаъдаи созмон дар бисёр соҳаҳои ҳамкорӣ мушаххас гардиданд. Вохӯрии Теҳрон собит сохт, ки фаъолияти пурмаҳсули Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар ҳазорсолаи нав, ки ба кӯшишҳои мувофиқатшудаи давлатҳои аъзо такя мекунад, барои густариши баробар ва мутақобилан судманди ҳамкориҳо дар минтақаи дорои захираҳои фаровони истифоданашуда заминаи воқеӣ муҳайё месозад.
Дар иҷлосия намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдураҳим Гувоҳӣ ба ҳайси Дабири Кулли Созмони Ҳамкории Иқтисод интихоб гардид.
Ба мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ ҳайати давлативу ҳукуматии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти ҷумҳурӣ Э. Раҳмонов рӯзи 7 ноябри соли 2000 аз Ҷумҳурии Исломии Эрон боздиди расмӣ ба амал овард. Тибқи муқаррароти ташрифотии Эрон Сардори Давлати Тоҷикистонро дар фурудгоҳи байналмилалии «Меҳробод»-и Теҳрон ҳамраиси комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон Саиди Киё ва намояндагони воломақоми давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона истиқбол гирифтанд. Робитаҳои миёни ду кишвар то имрӯз бештар дар соҳаи фарҳанг ва баъзе дигар бахшҳо ривоҷ ёфтааст. Аз ин лиҳоз, дар ин даври музокироти ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба паҳлӯҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бештар дахл намоянд. Даври аввали музокироти расмии ду кишвар дар сатҳи олӣ бо мулоқоти хосаи роҳбарони ҳар ду давлат Э. Раҳмонов ва Саид Муҳаммади Ҳотамӣ оғоз гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, инкишоф ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба, масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа ва дар ин замина роҳҳои ҳаллу фасли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор