Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

самтҳои асосии муносибатҳои дуҷониба барои солҳои наздик муқаррар карда шуд.

Ба душвориҳои дар сари роҳи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мавҷудбуда нигоҳ накарда, имрӯз зарур аст, ки ба густариши муносибатҳои тарафайни диққати бештар диҳем. Эрон дорои нерӯи азими истеҳсолию илмист ва ба мо зарур аст, ки аз тамоми имкониятҳои шароитҳои мавҷуда ба пуррагӣ истифода намоем. Истифода аз сармоягузориҳои эронӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқии «Сангтӯда», омӯзиши таҷрибаи Эрон дар истихроҷи газу нафт, ташкили истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ба мақсад мувофиқ аст.

Ба узвияти Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО), ки соли 1977 созмон дода шуда буд, то имрӯз 10 кишвари минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Давлати Исломии Афғонистон, Покистон, Туркия ва Эрон шомил мебошанд. Пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳри Теҳрон маҳали вохӯрии шашуми сарварони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ интихоб гардид. Бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои муҳими минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов рӯзи 9 июни соли 2000 вориди шаҳри Теҳрон гардид, ки маросими пазироии ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Муҳаммади Ҳотамӣ баргузор гардид. Дар рушду инкишофи ЭКО саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас мебошад.

Яке аз мавзӯи мулоқоти сарварони кишварҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ - ЭКО буд. Кушода шудани роҳи оҳани «Машҳад - Сарахс - Тоҷон» дар соли 1996, ки бо саъю кӯшиши бевоситаи Ҳукумати Эрон амалӣ гардид, имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратии Созмони Ҳамкории Иқтисодиро хеле васеъ гардонд. Минбаъд пайваст гардидани роҳи оҳани Тоҷикистон ба ин шоҳроҳ имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳои моро боз ҳам васеътар мегардонад.

Ҳадафи асосии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ пеш аз ҳама таъмини рушди иқтисодии минтақа, ба даст овардани ҳамгироии

пешина
аз 785
навбатӣ