Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Дар солҳои 1999-2000 содироти пахта ба Эрон мутаносибан 12405 тонна ва 12640 тоннаро ташкил дод. Воридоти молҳо бошад, аз Эрон дар тӯли ҳамин солҳо асосан маводи хӯрокворӣ, асбобу анҷоми манзил ва маводи беҳдоштию шустушӯйро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки рӯзҳои 14-16 декабри соли 1998 баргузор гардид, Тафоҳумнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба додани қарзи имтиёзноки Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 25 млн. доллари амрикои ба имзо расонда шуд. Тибқи ин Тафоҳумнома ин маблағ барои харид, хадамот ва таҷҳизот барои иншоотҳои ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути содиркунандагони эронӣ анҷом меёбад, дода мешавад.

Бонки марказии Эрон ва Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати бонкҳои кафил дар ин қарз баромад мекунанд.

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 1999 Бонки Осиёи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон бонки ваколатдор дар ин қарз таъин гардид. Барои анҷом додани корҳое, ки ба амалӣ намудани Тафоҳумномаи қарзи имтиёзнок алоқаманданд, моҳи феврали соли 1999 ҳайати ваколатдор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда, лоиҳаи Созишномаи қарзиро байни Бонки "Тиҷорат"-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Бонки Осиёи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуданд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2000 маблағи қарзи 25 млн. доллари ШМА барои сохтмон ва навсозии таъсисоти муҳимтарини ҷумҳурӣ истифода хоҳад шуд. Аз ин маблағ 19,5 млн. доллари ШМА барои сохтмони нерӯгоҳи барқии "Сангтӯда", 2,5 млн. ба Вазорати нақлиёт ва 3 млн. доллари ШМА барои Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст.

Рӯзҳои 27 октябр - 3 ноябри соли 2000 ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа Тафоҳумномаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид, ки дар он

пешина
аз 785
навбатӣ