Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Пешниҳодҳо ба миён гузошта шуд. Тарафҳо ба хулосае омаданд, ки пакшаҳои ҳамкорӣ ба тарзи воқеӣ баррасӣ шаванд ва аз ҷонибҳои иҷрокунанда талаб карда шавад, ки аз иҷрои кор то ҷаласаи дигари Комиссияи муштарак ҳисобот диҳанд.
Ёддошти тафоҳум аз боби ҳамкориҳои кишоварзӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, ҳамлу нақл ва инчунин ҳамкориҳои соҳаи саноатӣ ва техникӣ иборат аст.
Мубодилаи тиҷоратии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷадвали №44 оварда шудааст.
Ҷадвали №44
Муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва Ҷумҳурии Исломии Эрон
(ҳазор доллар)
| с.1995 | с.1996 | с.1997 | с.1998 | с.1999 | с.2000 | |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Муомилоти савдои хориҷӣ | 2781,9 | 12167,2 | 15642,7 | 24928,5 | 23864,4 | 20195,1 |
| Содирот | 661,2 | 1714,4 | 3639,6 | 13619,8 | 13491,7 | 12573,0 |
| Воридот | 2120,7 | 10461,8 | 12003,1 | 11308,7 | 10372,7 | 7622,1 |
Ҳаҷми муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли панҷ соли охир 7.3 маротиба афзоиш ёфт.
Дар қисмати содиротии муомилоти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пахта ва алюминий мақоми асосӣ доранд. Махсусан ҳаҷми содироти пахта ба Эрон дар ду соли охир хеле афзудааст. Дар соли 1998 Эрон аз рӯи ҳаҷм дуюмин кишвари воридкунандаи пахтаи Тоҷикистон (баъди Швейтсария) буд, дар ин сол ба Эрон дар ҳаҷми 10225,7 тонна пахта содирот шуда, маблағи 12425,3 ҳазор долларро ташкил намуд. Аммо, миқдори содироти алюминий ба Эрон дар ду-се соли охир тамоил ба камшавӣ дорад: агар соли 1997- 307.2 тонна ё ба маблағи 459.2 ҳазор доллари ШМА алюминий содир шуда бошад, дар соли 1998 ин рақамҳо ба 203.8 тонна ё 221.3 ҳазор доллари ШМА кам шудааст ва дар соли 1999 бошад, алюминий тамоман ба Эрон содир нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор