Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хориҷаи дуру наздик шароит фароҳам овард. Барои густариши муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон низ дар асоси меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ давраи нави ҳамкорӣ оғоз ёфт.

Дар ин давра дар баробари суръат гирифтани ҷараёни бозсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дигаргуниҳои муҳиме ба амал омаданд. Дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Оятулло Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба сари қудрат омад. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ оғоз Рафсанҷонӣ ба мӯътадил гардондани вазъи сиёсии дохилӣ дар асоси татбиқи барномаи мӯътадилсозии вазъи мамлакат ва аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани кишвар ва дар миқёси ҷаҳон пуркувват намудани мавқеи Эрон шурӯъ намуд.

Барои пешбурду тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ҳар ду тараф заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Танҳо солҳои барқарорсозии робитаҳои иқтисодӣ бештар аз 50 санади танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба дар шакли созишномаву мувофиқатнома ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум аз тарафи мақомоти олимартабаи ду кишвари дӯст ба имзо расидааст.

Аз солҳои 1994 сар карда, оҳиста-оҳиста ҳар сол корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон ба қайд гирифта мешаванд. Тоҷирони ду давлат бошанд, мустақилона молҳои худро дар бозорҳои дохилӣ пешкаши аҳолӣ намуда, ҳаҷми муомилоти молро сол аз сол зиёд менамуданд. Пешрафти ҳамкориҳои ду давлат бештар дар соҳаи фарҳанги дуҷониба баръало дида мешуд.

Моҳи июни соли 1995 бо даъвати роҳбарияти Ҷумҳурии
Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов бо
сафари расмӣ аз пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳри Теҳрон
боздид намуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии "Меҳробод"-и Теҳрон
сардори давлати Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон
Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ гарму ҷӯшон пешвоз гирифт. Ба
ифтихори ташрифи Э.Раҳмонов дар фурудгоҳ қаровули фахрӣ саф
ороста сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо доданд. Э.Раҳмонов бо
истифодаи шароити мусоид ҳар як лаҳзаи иқомат дар Эронро бо
мақсади рушду инкишофи равобити пурарзиш ва таъмики
ҳамкориҳои гуногунсоҳа равона менамуд. Дар тӯли сафари кӯтоҳи

пешина
аз 785
навбатӣ