Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§14.8. Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон
Ҷумҳурии Исломии Эрон бо аҳолии 70 миллион нафараи худ яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақа ба ҳисоб меравад.
Муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз таърихи соҳибистиқлол шудани ҷумҳурии мо 9 сентябри соли 1991 оғоз ёфтаанд, ҳоло беш аз пеш инкишоф ёфта, соҳаҳои мухталифи фаъолияти иқтисодию тичоратии ҳар ду давлатро фаро мегиранд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамзабонии халқи тоҷик ва халқи Эрон, таъриху фарҳанги қадимаи муштарак, эътиқод ба дини ягона доштани мардуми Тоҷикистонро ба назар гирифта, яке аз аввалинҳо шуда, соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти Тоҷикистонро эътироф намуда, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе сафорати худро ифтитоҳ намуд. Кормандони бахши иқтисодии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯшиш менамуданд, ки аз дигар давлатҳои Шарқи Наздик ва Европа дида, тоҷирони эронӣ ҳарчи тезтар бо молҳои гуногуни худ ба бозорҳои Тоҷикистон ворид шаванд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодии ду давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 1992 дар шаҳри Душанбе аввалин намоишгоҳи молҳои саноатии вазнин, сабук ва озуқаи худро ифтитоҳ намуд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 500 намояндаи корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои хусусӣ бо намунаҳои гуногуни молҳои саноатии Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуда, дар тӯли зиёда аз даҳ рӯз бо роҳбарияти корхонаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва соҳибкорони хусусӣ созишномаҳои зиёде ба имзо расонида, тоҷикистониёнро бо дастовардҳои даҳсолаи аввали баъди инқилоби худ шинос намуданд.
Аммо бинобар вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, ки он бештар ба масъалаҳои молиявӣ вобастагӣ дошт, аксарияти ин созишномаҳои имзогардида амалӣ нашуда, ба солҳои минбаъда мавқуф гузошта шуданд. Вале дере нагузашта, баъд аз пурра барқарор гардидани сохти конститутсионии кишвар Тоҷикистон барои густариши муносибатҳои дуҷониба бо тамоми давлатҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор