Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов бо роҳбари давлат ва динии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятулло Саид Алии Хоменей. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ вохӯрӣ намуда, дар баробари масъалаҳои сиёсӣ ба ҳалли проблемаҳое, ки ба пешрафти босуръати робитаҳои иқтисодии ду мамлакат халал мерасонаданд, эътибори хосае доданд. Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрии тамоми роҳбарияти корхонаҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои махсусгардонидашудаи тиҷоратӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил карда шуд. Дар рафти ин вохӯрӣ Э. Раҳмонов муфассал дар бораи вазъи сиёсӣ-иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода, тадбирҳоеро, ки дар Тоҷикистон оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҳимояи сармояи хориҷӣ андешида шудаанд, шарҳ дод.

Дар ҷараёни ин сафар 12 ҳуҷҷати расмии байнидавлатӣ ба имзо расид, аз ҷумла:

Эъломия дар бораи инкишофи минбаъдаи ҳамкорӣ байни
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳавасмандкунӣ ва ҳимояи
дуҷонибаи сармоягузорӣ;

Созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду
давлат;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи санъат;

Созишнома байни Бонки фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба қабули пардохт.

Дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воқеаҳои
муҳим сафари аввалини расмии муовини Президенти Эрон доктор
Ҳасан Ҳабибӣ, ки аз 29 то 31 декабри соли 1996 аз Тоҷикистон
боздид намуд, ба шумори мерафт. Баъд аз вохӯрӣ ва шиносоии
бевосита бо Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Ҳасан Ҳабибӣ якчанд
ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла Созишномаи байни Ҳукумати
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
роҳ надодан ба андозгирии дуқарата ва пешгирии саркашӣ аз

пешина
аз 785
навбатӣ