Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
киштиҳои зиёди пур аз молро аз тамоми дунё қабул намуда, онро тавассути биржаҳои молӣ ба тамоми гӯшаю канори кишвари худ мефиристанд.
Солҳои охир аз тарафи Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд корхонаҳо, аз ҷумла:
• корхонаи муштараки "Аҷанта Фарма Лимитед" дар шаҳри Душанбе барои истеҳсоли дорувории ҳаётан муҳим;
• корхонаи муштараки "Кушон", барои сохтани корхонаи шишабарорӣ ва сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар шаҳри Душанбе;
• корхонаи муштараки "Скин", корхонаи "Мармар" ва "Bloomy International" ба қайд гирифта шудаанд.
Бо ҷалби сармоягузорони Ҳиндустон сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расид. Ҷаноби Лалит Кумар Малхотра омодагии худро барои ба ин сохтмон ҷудо кардани 35 млн. доллари амрикои изҳор кард. Аз 1 январи соли 2001 сохтмони меҳмонхонаи номбурда дар хиёбони Айнии ш. Душанбе оғоз гардид.
Ҳаҷми муомилоти савдо бо нишондиҳандаҳои зерин муайян шудааст:
Ҷадвали №43
Муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон (ҳазор доллар)
| с.1995 | с.1996 | с.1997 | с.1998 | с.1999 | с.2000 | |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Муомилоти савдои хориҷӣ | 283,9 | 312,2 | 988,0 | 771,7 | 982,3 | 129,7 |
| Содирот | 11,1 | 1,0 | 7,2 | 11,4 | 0 | 0,4 |
| Воридот | 272,8 | 311,2 | 980,8 | 760,3 | 982,3 | 129,3 |
Дар асоси созишномаҳои баимзорасида муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодааст. Агар дар панҷ соли пеш, соли 1995 муомилоти моли ин кишвар ҳамагӣ 283,9 ҳазор доллари амрикоиро ташкил карда бошад, пас соли 1999 ин маблағ қариб 1 млн. долларро ташкил намуд.
9 майи соли 2001 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ҷиҳати боздиди расмии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор