Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

давлатӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар намуд. Мулоқоти нахустини худро Президенти Тоҷикистон дар қароргоҳи муваққатиаш дар шаҳри Деҳлӣ - "Раштрапати Бҳаван" бо директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии Осиёи Миёна ба номи Мавлоно Абдулкалом Озода, профессор Дивандра Каушик доир намуд. Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои марбут ба нақшаҳои ҳамкории илмии олимони Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи таърихшиносӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Рӯзи дигари сафар маросими расмии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Президенти Ҳиндустон Кочерил Рамон Нароянон ва сарвазири ин мамлакат Атол Биҳорӣ Ваҷпай баргузор гардид.

Зимни мулоқот ғайр аз масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷониба, инчунин маҷмӯи масъалаҳои мавриди назари тарафайн, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, бунёди роҳҳои мошингард ва сохтмони меҳмонхонаҳо муҳокима шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд, ки ҳар ду кишвар дар бобати тақвият додани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Баъди анҷоми мулоқот 6 ҳуҷҷати байнидавлатӣ ва байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон ба имзо расиданд.
Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Ҳиндустон ба Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи асосҳои муносибатҳои дуҷониба имзо гузоштанд. Аъзои дигари ҳайати ҳукуматии ҳар ду кишвар Меморандуми ҳамкории техникии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, Созишномаи байниҳукуматӣ "Дар бораи ҳамкории дарозмуддати тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи саноат", Созишнома "Дар бораи кӯмаки мутақобилаи ҳуқуқӣ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон", Созишномаи байниҳукуматӣ "Дар бораи ҳамкорӣ дар бобати пешгирии фурӯши ғайриқонунии маводи нашъа, ашёи хоми онҳо ва моддаҳои фалаҷкунандаи асаб" ва Созишномаи байниҳукуматиро "Дар бораи роҳҳои ҳавоӣ" имзо карданд.

пешина
аз 785
навбатӣ