Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология:
• Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Ҳайати олимақоми Тоҷикистон бо осори қадимаи шаҳри Деҳлӣ шинос шуда, барои боз ҳам пурратар омӯхтани зиндагии мардуми Ҳинд, урфу одат ва фарҳанги онҳо, таҷрибаи пешқадами онҳо дар соҳаи кишоварзӣ аз шаҳрҳои Агра, Бангалор ва Мумбай (Бомбей) боздид намуд.

Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонов шиносоии худро дар шаҳри Агра аз зиёрати мақбараи шоҳ Ҷамшед, ки оромгоҳи ӯ дар Тоҷмаҳал ҷой гирифтааст, оғоз намуд.

Зимни шиносӣ бо ёдгории ҷовид Тоҷмаҳал, яке аз олимони маъруфи бостоншиноси ҳинд, ки ҳайатро сарварӣ мекард, ба Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонов дар бораи сангҳои қиматбаҳое, ки деворҳои Тоҷмаҳалро оро медоданд, маълумоти муфассал дод.

Сирри системаи акустикии ин биноро олимони ҳозира то ҳол аниқ накардаанд. Садои паст ва нозуки хизматчии Тоҷмаҳал аз нуқтаи муайяни дохили бино чандин маротиба такроран ба гӯши тамошобин мерасад.

Агра дар баробари шаҳри туристӣ ва зиёратгоҳ буданаш, инчунин аҳолии Ҳиндустонро бо маводи озуқа низ таъмин мекунад. Тамоми заминҳои кишоварзие, ки дар ду тарафи шоҳроҳи автомобилгард бо усули ба Ҳиндустон хоси ғаллакорӣ кишт шудаанд, мувофиқи қонуну қоидаи агротехникӣ обёрӣ мешаванд. Чунин усул ҳосилнокии ғалладонаро аз ҳар гектар 4 маротиба зиёд карда, проблемаи худтаъминкунии мамлакатро пурра ҳал намудааст.

Тибқи барномаи сафар намояндагони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Бангалор ва Мумбай (Бомбей) боздид ба амал оварданд. Намояндагони воситаи ахбори умум ва роҳбарони ҳайати намояндагони Ҳиндустон, роҳбарони корхонаҳо, корчаллонҳо, тоҷирон аз мулоқотҳо ва вохӯриҳо бо ҳайати вакилони Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Бояд зимнан ёдовар шуд, ки шаҳри Мумбай (Бомбей) яке аз марказҳои калонтарини тиҷоратӣ ва саноатӣ ба шумор меравад. Онро дарвозаи Ҳиндустон низ меноманд, зеро дар соҳилҳои он бандарҳои зиёд бо таҷҳизоти замонавии борбарорӣ шабу рӯз

пешина
аз 785
навбатӣ