Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хусусӣ ва корчаллонҳо вохӯриҳо гузаронида, аз бозсозиҳои кишвари худ ва самтҳои ҳамкорӣ бо Ҳиндустон муфассал ахборот дод.

Дар рафти сафар инчунин, Созишнома дар бораи додани қарз ба маблағи 5 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расид. Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Ҳиндустон Салмон Хуршед ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ба имзо расонданд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои созишномаи номбурда ба зиммаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд, ки қисми асосии ин қарз мебоист барои иҷрои нақшаҳои якҷоя ва қисми боқимонда барои харидани таҷҳизот ва доруворӣ истифода мешуд. Дар муддати кӯтоҳ бо кӯмаки ширкати дорусозии Ҳиндустон "Аҷанта Фарма Лимитед" корхонаи муштараки дорусозии шаҳри Душанбе "Тоҷик - Аҷанта Фарма ЛТД" бунёд гардид.

Бо мақсади таҳким ва инкишофи ҳамкориҳои мавҷуда, моҳи декабри соли 1995 нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов ба давлати Ҳиндустон сурат гирифт. Дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарони олирутбаи кишвари Ҳиндустон истиқбол намуданд.

Дар панҷ рӯзи сафар дар ин кишвари бостонӣ Э. Раҳмонов якчанд мулоқоту вохӯриҳо анҷом дод. Дар ҷараёни музокирот якчанд масъалаҳои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи миёни ду кишвар мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ин сафар якчанд созишнома ба имзо расид, ки онҳо дар баробари мустаҳкам гардондани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, меъёрҳои қонунгузории ду кишварро бо ҳам мутобиқ карда, ҳамкории бевоситаи муфиди дуҷонибаро дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт муайян намуданд.

Аз ҷумла созишномаҳои зайл ба имзо расиданд:

• Созишнома дар бораи инкишофи муносибатҳои минбаъда;

• Созишнома дар бораи ҳавасмандкунӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоягузориҳо;

• Созишнома дар бораи таъсиси комиссияи давлатии муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи савдо, иқтисодиёт, илм ва техника;

пешина
аз 785
навбатӣ