Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• Эъломия дар бораи принсипҳо ва самтҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон;

• Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ;

• Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, санъат, маориф, илм, воситаҳои иттилооти умум (аз ҷумла, кинематография) ва варзиш;

• Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ;

• Протоколи ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон;

• Созишнома дар бораи ҳамкории байни Бонки давлатии саҳомию тиҷоратии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - "Тоҷиксодиротбонк" ва Бонки давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон.

Январи соли 1994 сафари кории муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Деҳлӣ сурат гирифт. Баъди имзошавии "Созишнома оид ба алоқаҳои ҳавоӣ" аввалин хатти ҳавоии байнамилалии Душанбе-Деҳлӣ ва Деҳлӣ-Душанбе, баъдтар, Душанбе-Деҳлӣ-Лондон ва Лондон-Деҳлӣ-Душанбе кушода шуд.

Ҳукумати Ҳиндустон низ барои наздиктар шинос шудан бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи июни соли 1994 сафари ҳайати вакилони олимақоми Ҳиндустонро ташкил намуд, ки ин сафар таҳти роҳбарии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Салмон Хуршед ба пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе сурат гирифт. Роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳайати олимақомро дар сатҳи баланд қабул намуданд. Намояндагони Ҳиндустон зимни сафар аз якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, заводи алюминийи Тоҷикистон ва Неругоҳи барқии Норак боздид намуданд.

Салмон Хуршед, ҳамчун масъули бахши иқтисоди Ҳиндустон, бо роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, ширкатҳои навбунёди

пешина
аз 785
навбатӣ