Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзандае гузоштаанд. Дар солҳои шӯравӣ низ робитаи иқтисодию тиҷоратии байни тоҷикону ҳиндуҳо ривоҷ ва густариш меёфт.
Тоҷикистон ба ин кишвар пеш аз ҳама таҷҳизоти корхонаҳои истеҳсолӣ (дастгоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ) трансформаторҳо, манкалҳои барқии хӯрокпазӣ, молҳои рӯзгор, ғалакаҳои қубурҳои газ, об ва нафт, инчунин, матоъҳои абрешимин ва пахтагин содирот мекард.
15-17 июни соли 1968 Президенти Ҳиндустон Зокир Ҳусейн аз 15 ҷумҳурии сотсиалистии собиқ ИҶШС Тоҷикистонро интихоб намуда, се рӯзи сафарашро дар сарзамини тоҷикон гузаронд ва бо дастовардҳои мардуми тоҷик аз наздик шиносӣ пайдо кард.
Дар даҳсолаҳои охир Тоҷикистонро борҳо тоҷирон, кӯҳнавардҳо, варзишгарон, мутахассисони соҳаи энергетика, дипломатҳо дидан карда, ба халқи тоҷик дар корҳои эҷодӣ, иқтисодӣ ва масъалаҳои сиёсӣ кӯмаки худро дареғ надоштаанд.
Баъди истиқлоляти Тоҷикистон аз байни давлатҳои ҷаҳон Ҳиндустон аввалин шуда, соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф кард ва соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Соли 1993 Ҷаноби Делипа Мехта сафири фавқуллода ва мухтори Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд, ки қароргоҳаш дар шаҳри Тошкент буд. Ҷаноби Делипа Мехта пеш аз ҳама иҷрои тамоми масъалаҳои доир ба корҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва додани визаҳои вурудро ба уҳда дошт.
Бо авҷгирии робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳиндустон, зиёд шудани сафарҳои расмии дуҷониба, туризми байналмилалӣ ҳар ду тарафро водор намуд, ки дар ҳар ду кишвар сафоратхона ва намояндагии тиҷоратӣ кушоянд. Моҳи майи соли 1994 Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи худро ифтитоҳ намуд ва барои беҳбудии робитаҳои дуҷониба тадбирҳои мушаххас андешид. Моҳи феврали соли 1993 аввалин сафари расмии намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон таҳти роҳбарии раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷараёни ин сафар 6 ҳуҷҷати байнидавлатӣ ба имзо расиданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор