Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Зиёда аз 52%-и аҳолии Ҳиндустон аз ҳадди ақали зиндагӣ пасттар аст, дар деҳот ин нишондиҳанда зиёда аз 80%-ро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ 48% аҳолӣ соҳиби маълумот мебошад. Зиёда аз нисфи кӯдакони то 5-сола ба бемориҳои нарасоии ғизо гирифторанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ соли 1997 зиёда аз 38 млн. бекорон ба қайд гирифта шудаанд.

§14.6. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳиндустон Муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон бо Ҳиндустон таърихи хеле қадима дорад. Бинобар дар мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ ҷойгир будани давлати тоҷикон корвонҳои пурбори Ҳиндустон аз як тараф ва аз тарафи дигар корвонҳои тоҷирони давлатҳои Хитой ва Россия, Византия ва Рум дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Хатлон бо ҳам доду гирифт мекарданд. Бо мурури замон шаҳрҳои номбурда бинобар кӯтоҳ кардани роҳи тӯлонии ин корвонҳо оҳиста-оҳиста ба маркази тиҷоратии байналмилалӣ табдил гардиданд.

Аз тарафи дигар, корвонҳои тоҷирони тоҷик бо молҳои худ матоъҳои пахтагин, абрешим, зарфҳои шишагин, яроқу аслиҳа, асбобҳои оҳанӣ, сангҳои қиматбаҳои Бадахшон, коғаз ва ғайра ба ноҳияҳои ҷанубии Ҳиндустон сафар карда, дар баробари тиҷорат фарҳанг ва маданияти халқи тоҷикро ба мардуми Ҳиндустон шинос мекарданд.

Дар асрҳои миёна бинобар дар ҳудуди давлати қадимаи Хуросон қарор доштани қисми зиёди минтақаи шимолии Ҳиндустон забони тоҷикӣ (форсӣ) бо лаҳни ширинаш оҳиста-оҳиста ба дили мардуми ҳинд роҳ ёфт. Сарзамини Ҳиндустон беҳтарин суханварон, шоирони форсро ба монандӣ Масъуди Саъдии Салмон, Муҳаммад Авфии Бухорой, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Амир Ҳасани Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебунисо, Муҳаммад Иқбол ва даҳҳо фарзандони арзандаро тарбия намуда, номи онҳоро бо ашъори варзидаи онҳо ҷовидон гардондааст.

Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз қадимулайём робитаҳои дӯстона, фарҳангу анъанаҳои умумӣ доранд, ки аз як сарчашма баромадаанд. Ин ду миллат фарҳанги бузурги Шарқро ғанӣ намуда, дар рушди

пешина
аз 785
навбатӣ