Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳиндустонро бо ҳам пайваста буданд ва инчунин корхонаи бузурги металлургии "Тати" кӯмаки калон расониданд.
Барои суръат бахшидан ба раванди бозсозӣ, дар баробари вусъат додани сектори моликияти давлатӣ барои ташаккул ва рушду камол ёфтани сектори хусусӣ низ имтиёзҳои зиёде дода шуданд. Чунин иқдом боиси истифодабарии пурмаҳсули захираҳои меҳнатии мардум гардид.
Соли 1980 миқдори корхонаҳои истеҳсолии давлатие, ки ба истифода дода шуданд, ба 5 ҳазор адад расонида шуд. Барои таъмини кори пурмаҳсул ин корхонаҳоро ба ширкатҳои бузурги давлатӣ муттаҳид мекарданд.
Суръати афзоиши миёнаи маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 4,3%, маҳсулоти кишоварзӣ 1,8%, маҷмӯи маҳсулоти миллӣ 3,1%-ро ташкил карда буд, ки агар нисбати давлатҳои рӯ ба инкишоф зиёд бошад, нисбат ба суръати афзоиши маҳсулоти ҷаҳонӣ хеле паст аст. Сабаби чунин афзоиши пастро дар қафомонии кулли сохтори иқтисодӣ-иҷтимоии хоҷагиҳо ва заифии сармояи миллӣ дидан мумкин буд.
Ҳукумати Ҳиндустон бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд пасандозҳои аҳолиро ба дараҷаи кофӣ барои пешрафти ҷамъият ҷалб карда натавонист. Ҳаҷми пасандозҳо дар бонкҳои амонатгузорӣ ҳамагӣ 13-16%-ро ташкил мекарду халос. Вале он сиёсати давлатие, ки ба тартиб даровардани истеҳсолот, савдои дохилӣ ва хориҷӣ, маҳдуд кардани истифодаи сармояи хориҷӣ, назорати қатъӣ аз болои истифодаи замин нигаронида шудааст, вазъи иқтисодии мамлакатро вазнинтар кардан гирифт. Солҳои 1980-1990 тадбирҳои ҳукумат вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ, нисбати мӯътадил кардани вазъи иқтисодии мамлакат низ натиҷаҳои судманд надоданд. Ба пешрафти иқтисодии кишвар дараҷаи пасти ихтисоси қувваи корӣ, ки ба талаботи соҳаҳои навбунёди саноатии мамлакат ҷавобгӯ намебошад, монеъ мешуд. Ҳиндустон аз ҷиҳати дараҷаи саводнокии аҳолиаш дар сатҳи хеле паст меистад. Дар солҳои 80-ум ҳамагӣ 52%-и аҳолии мамлакат хондану навишта метавонист. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор