Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ки ягон мамлакати дунё бе 60%-и дараҷаи саводнокии аҳолӣ ба дараҷаи баланди саноатикунонӣ ноил шуда наметавонад.
Аз тарафи дигар, қафомонии соҳаҳои ёрирасони иқтисодиёти мамлакат - нерӯи барқ, воситаҳои алоқа ва нақлиёт ба суръати афзоиши истеҳсолот таъсири манфӣ мерасонд. Корхонаҳои истеҳсолӣ аз сабаби нарасидани нерӯи барқ соатҳои дароз аз кор мемонданд.
Дараҷаи пасти кори воситаҳои алоқа ва нарасидани нақлиёти боркашонӣ боиси сари вақт ҳал нашудани ин ё он масъалаи иқтисодӣ мегардид.
Дар пешрафти тадқиқоти илмӣ низ камбудиҳои хеле зиёд мавҷуд буданд. Бо сабаби тезу тунд шудани муносибатҳои сиёсии Ҳиндустон ва Покистон барои ихтирои яроқи термоядрой ва кайҳон маблағи калон сарф карда мешуд.
Ҳамаи ин камбудиҳоро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҳиндустон маҷбур шуд, ки дар кишвари худ ислоҳоти иқтисодӣ гузаронад.
Аммо хусусияти хоси ислоҳоти иқтисодии Ҳиндустон дар он буд, ки дар рафти татбиқи он, нақшаҳои панҷсолаи давлатӣ бекор нашуданд ва самти он дар асоси маблағгузории давлатӣ ба соҳаи вазнин ба ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ ва инкишофи структураи мамлакат равона карда шуд.
Либерализатсияи иқтисодиёт дар мадди аввал то ҳадди ақал кам кардани назорати давлатӣ ва танзими иқтисодиёти кишвар, хусусигардонии корхонаҳо, ҳарчи бештар кам кардани сектори давлатӣ, давра ба давра гузаронидани либерализатсияи воридот, ҳавасмандкунии сармояи хориҷиро пешбинӣ мекард.
Чунин тадбирҳои Ҳукумати Ҳиндустон ба он оварда расонд, ки иқтисодиёти ин кишвар ҳоло бо ҳаҷми истеҳсолоти худ дар ҷаҳон ҷойи панҷумро ишғол мекунад. Дар натиҷаи навсозии сохтори иқтисодӣ Ҳиндустон ба яке аз давлатҳои пуркудрати бузурги ҷаҳон табдил ёфт.
Се соли охири асри ХХ ҳамаи соҳаҳои саноат босуръат
тараққӣ мекарданд. Чунин пешрафт дар баробари то 12% паст
кардани сатҳи беқурбшавии пул ҳаҷми солонаи маҳсулоти умумӣ дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор