Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
намедод. Дар натиҷаи дараҷаи пасти зиндагӣ дарозии миёнаи умри аҳолӣ ҳамагӣ 32 сол, дараҷаи саводнокии аҳолӣ 18%-ро ташкил мекарду халос.
Бо вуҷуди дар миқёси байналмилалӣ шикаст хӯрдани Британияи Кабир, Ҳиндустон таҷрибаи бой ва дастовардҳои мустамликадорони англисро сармашқи кори худ карда, қарор дод, ки дар баробари нигоҳ доштани сохтори амалкунандаи давлатӣ системаи парламентии демократиро бунёд карда, ҳамкориро бо Британияи Кабир идома диҳад. Ин дар он даврае, ки тамоми давлатҳои ҷаҳон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон бо проблемаҳо овора буданд, иқдоми дурусти оқилона ва дурандешона буд. Зеро Англия баъд аз ШМА ҳам аз ҷиҳати пешрафти соҳаҳои гуногуни саноат ва ҳам аз ҷиҳати сармояи зиёд дар ҷаҳон давлати дуюмин ҳисоб меёфт. Инро ба назар ногирифтан гуноҳи азиме мебуд.
"Мо имрӯз бадбахтиро паси сар намудем. Ҳиндустон акнун бояд худро аз нав бикшояд" - гуфта буд, сарвари Анҷумани Миллии Ҳиндустон М. Гандӣ.
Аз рӯзҳои аввали истиқлолият роҳбарияти Ҳиндустон вазифаи азнавсозии ҷамъиятро назди худ гузошт. Дар дохили чунин як давлати бузурге, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле қафомонда буд, мувофиқи анъанаҳои миллии мардуми ҳинд ва бо назардошти талаботи кулли халқиятҳои дигар, дар баробари аз нав бунёд кардани сохтори сиёсӣ, дар кулли ҷабҳаҳои ин кишвар як тартиби хосеро ҷорӣ кардан лозим буд.
Барои таъмини пешрафти истеҳсолот мардуми Ҳиндустон бояд дар мадди аввал ба сохтмони роҳҳои нав, кӯпрукҳо, барохмонии хатҳои алоқа ва таъмини барқ эътибори ҷиддӣ диҳад.
Мувофиқи нақшаи сарвари Ҳиндустон Ҷ. Неру барои татбиқи мақсадҳои худтаъминкунӣ ва аз вобастагии мамлакатҳои хориҷӣ баровардани кишвари худ, мардуми Ҳиндустон ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ - заводҳои металлургӣ ва сементбарорӣ, заводҳои мошинсозии вазнин, сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ оғоз намуд. Ба ин кор роҳҳои оҳане, ки тавассути он англисҳо кулли ҳудуди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор