Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

худшиносии миллӣ ба мубориза бархост. Вале ин мубориза ҳарчанд бебарор анҷом ёфта бошад ҳам, оғози муборизаҳои озодихоҳии халқи Ҳиндустон буд.

Аз ибтидои асри ХХ муборизаи озодихоҳии мардуми Ҳинд таҳти роҳбарии ҷунбишҳои миллии "Свадеши" сар зад. Моҳандас Карамчанд Гандӣ баъд аз хатми донишкадаи олии ҳуқуқи Англия ҳамфикрони худро муттаҳид карда, барои омода сохтани миллати азияткашидаи Ҳиндустон ба муқобили апартеид барномаи махсуси муборизаи сиёсии худро бо номи "Сатяграҳа", ки маънои "афзалияти маънавӣ" дошт, пешниҳод кард.

Баъд аз соҳибистиқлол шудани кишвар сарвари Анҷумани Миллии Ҳиндустон Ҷавоҳирлол Неҳру М. Гандиро бо некӣ ёдовар шуда, чунин гуфтааст: "Ӯ монанди ҷараёни пурқудрати ҳавои тоза, моро маҷбур сохт, ки қомати худро рост карда, чуқур нафас кашем ва ҳаракати озодихоҳонаро аз нав дучанд зинда кунем".

Таҳти роҳбарии Анҷумани Миллии Ҳиндустон солҳои 1920-1922 намоиши миллӣ зери шиори "Ҳаракати ҳамкорӣ накардан", соли 1930 "Ҳаракати шаҳрвандии итоат накардан", ки асоси он ворид намудани андоз аз намақ буд, миллионҳо одамонро ба кӯча баровард. Августи соли 1942 муборизаи озодихоҳӣ таҳти шиори "Англисҳо, аз Ҳиндустон нест шавед!" авҷ гирифт. Мустамликадорони англис ин муборизаро сарнагун карда, ба таъқиби сарварони Анҷумани Миллии Ҳиндустон ва зиёиёни пешқадами кишвар сар карданд.

Баъди хотима ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳукумати Англия дарк кард, ки агар бо роҳи мусолиҳа ба Ҳиндустон соҳибистиқлолиро надиҳад, мардуми ин кишвар асрҳо бо давлати Англия чун душмани миллати худ муносибат мекунанд. Ва дере нагузашта, 15 августи соли 1947 бо ворид намудани баъзе тағйирот ба конститутсия, Ҳиндустон соҳиби истиқлолияти миллӣ шуд.

Бояд таъкид кард, ки то истиқлолият Ҳиндустон яке аз давлатҳои қафомондатарини дунё ба шумор мерафт, дар ин кишвар саноати мошинсозӣ ва соҳаи кишоварзӣ хеле суст тараққӣ ёфта буд. Ҳиссаи истеҳсолоти Ҳиндустон нисбати ҷаҳон як фоизро ҳам ташкил

пешина
аз 785
навбатӣ