Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мақомоти олии иҷроия ва ҳалли масъалаҳои иқтисодии мамлакат қуллан дар ихтиёри Ҳукумати Ҳиндустон ва сарвазири он қарор доранд. Мувофиқи Конститусияи Ҳиндустон сарвазири мамлакат бояд сарвари он гурӯҳи ҳизбие, ки дар палатаи халқии парламент тарафдорони зиёд дорад, интихоб шавад.

Мақоми олии қонунгузори Ҳиндустон Парламент ба шумори меравад. Парламент аз ду палата - Палатаи Иттиҳоди штатҳо - 250 вакилони халқ ва Палатаи халқӣ - 545 вакили халқ иборат аст. Интихоботи вакилони ҳар ду палата дар 5 сол якбор гузаронида мешавад. Вакилони халқие, ки ба Иттиҳоди штатҳо интихоб мешаванд, бештар барои ҳимояи манфиатҳои штати худ ҷидду ҷаҳд мекунанд.

Аз ибтидои асри XVIII сар карда, давлати бузурги Ҳиндустон оҳиста-оҳиста дар натиҷаи задухӯрдҳои шадид ба мустамликаи Англия табдил ёфт. Тамоми боигарии фаровону сарватҳои табиии Ҳиндустон, набототу ҳайвоноти ин кишвар диққати ҳукуматдорони Англияро ба худ ҷалб карда буд. Ба ивази яроқу ҳар гуна воситаҳои техникӣ, матоъҳои пашмин ва монандӣ инҳо, аз ин кишвар беҳтарин сарватҳои табиӣ - тилло, нуқра, алмос ва сангҳои қиматбаҳоро мебурданд. Ва барои ҳарчи дертар бедор кардани ҳисси миллии мардуми Ҳиндустон, англисҳо иқтисодиёти ин кишвари бузургро дар сатҳи пасти аграрӣ нигоҳ дошта, танҳо он соҳаҳои саноатро, ки бевосита ба манфиати онҳо ҷавобгӯ буданд, дар сатҳи начандон баланд бунёд мекарданд. Англисҳо дар натиҷаи ҳамин гуна сиёсат, аз чунин як мамлакати бузург мустамликаи махсуси иқтисодиро бо дараҷаи пасти ҳосилнокии меҳнат дар кишоварзӣ ва саноат ташкил намуданд. Ҳиндустон ҳамчун манбаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои империяи бузурги Британияи Кабир табдил дода шуд.

Ин гуна сиёсати мустамликадории Англия якуним аср садди роҳи пешрафти иқтисодии давлати бузурги Ҳиндустон гардид.

Гарчанде англисҳо ба бедории миллии халқи Ҳиндустон садди роҳ мешуданд, бо вуҷуди ин мардуми ин кишвар дар соли 1857 барои

пешина
аз 785
навбатӣ