Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

паҳн мегарданд. Ин ташвиш баъд аз нақшаҳои бунёди минтақаи "Туркистони бузург" бо иштироки давлати Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон боз ҳам зиёдтар шуд. Ҳукумати Хитой аз як тараф, агар аз иҷрои ин нақшаҳо ва таъсири он ба халқи ҳамзабони онҳо - ӯйғурҳо, ки дар вилояти мухтори Синсзян - Ӯйғур зиндагӣ мекарданд, дар ташвиш бошад, аз тарафи дигар, онҳо бештар дар натиҷаи яктарафа гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, аз нобаробарӣ ва умуман қафомонии иқтисодии ин ноҳияҳо дар ташвиш буданд.

Ҳукумати Хитой нағз дарк мекард, ки беэътибор мондани ин масъала боиси эътирози ақаллиятҳои миллии Хитой гашта, оҳиста-оҳиста бо талаботи ба онҳо додани истиқлолият, бе дахолати Пекин ба ҳамроҳшавии онҳо ба халқҳои ӯзбек, қазоқ ва қирғиз оварда мерасонад. Бадии кор боз дар он буд, ки таъсири чунин ҷунбишҳо ба бедоршавии халқияти дигар миллатҳо низ меоварад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой равияи дигар - равияи панмонголизм, ки дар байни муғулҳои маскунии Хитой хеле машҳур аст, барои қисми мардуми муғулро ба давлати мустақили Муғулистон муттаҳид кардан, бо Ҳукумати Хитой муборизаи сахти оштинопазир мебурд.

Чунин ҷараёни озодихоҳ дар вилояти Тибет низ мушоҳида карда мешуд. Ин қавм дар муддати солҳои зиёд ба ҳукуматдорони Хитой мубориза бурда, ҷумҳурии соҳибистиқлолии худро бунёд карданӣ аст.

Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди шумораи маҳдуди миллатҳои ғайрихитой (ханҳо), ки соли 2000 нисбат ба шумораи умумии аҳолии Хитой 8,04%-ро ташкил мекунанд, ҳудуди заминҳои онҳо зиёда аз 50- 60% заминҳои давлати Хитой -ро ташкил мекунанд.

Барои мӯътадил кардани вазъияти дохилии мамлакат Ҳукумати Хитой дар даври дуюми бозсозии иқтисодӣ барои аз қафомонии иқтисодӣ баровардани ин вилоятҳо чораҳои заруриро ба нақша гирифтааст.

Маблағҳои зиёде барои таъмини пешрафти иқтисодиёт,
соҳаҳои хизматрасонӣ ҷудо карда шуданд. Дар сарҳади Ҷумҳурии
Мухтори Синзян-Ӯйғур - Қазоқистон бо мақсади ҳарчи бештар

пешина
аз 785
навбатӣ