Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

рафтуомад кардани миллатҳои ҳамзабон ва таъмини авҷгирии муомилоти мол минтақаи тиҷорати озод бунёд гардид.

Баъди Инқилоби Сотсиалистии Октябр то соли 1991 робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба воситаи вазорату ташкилотҳои шӯравӣ аз марказ ба роҳ монда шуда, идора карда мешуд.

Ҷолиби диққат аст, ки дар ин солҳо соҳаҳои саноати вазнин, сабук, соҳаи хӯроквории Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон хеле хуб тараққӣ карда буд. Аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой трансформаторҳои барқии истеҳсоли корхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа, яхдонҳои истеҳсоли заводи яхдонсозии "Помир", дастгоҳҳои ресандагию бофандагии "Тоҷиктекстилмаш"-и шаҳри Душанбе, матоъҳои пахтагини истеҳсоли Иттиҳодияи истеҳсолии газворҳои пахтагини шаҳри Душанбе, матоъҳои абрешимии истеҳсоли корхонаи "Хуҷандатлас"-и шаҳри Хуҷанд, алюминийи заводи алюминийи Тоҷикистон, ҳамчунин, пахта ва монандӣ инҳо содир карда мешуд.

Дар навбати худ ба воситаи Вазорати тиҷорати хориҷии собиқ ИҶШС, савдои хориҷии "Союзвнешторг" ва монандӣ инҳо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой молу матоъҳои пахтагин, матоъҳои нафиси абрешимӣ, чиниворӣ, термосҳо ва ғайра ба Тоҷикистон ворид карда мешуд.

Баъди истиқлолият ба даст даровардан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити бо Хитой бевосита робита кардан пайдо шуд. Дар шароити кунунӣ барои бо Хикои бузург ҳамкории қатъӣ ва самимиро ба роҳ мондан тамоми шароитҳо мавҷуданд. Тоҷикистон бо Хитой дар масофаи 414 км сарҳади умумӣ дорад. Дар баробари ин бо мурури замон қавму ақрабои мо бо сабабҳои гуногун дар қисми вилояти мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷой гирифта, 17 сентябри соли 1954 ноҳияи Тошқӯрғонро бунёд намуданд.

Хитоиҳо дар тӯли асрҳо хуб дарк карданд, ки тоҷикон халқи хеле қадима ба шумори рафта, бо асилӣ ва ба нажоди ориён дохил шудани худ фарқ мекунад. Ҳамкорӣ бо миллати тоҷик барои онҳо чӣ

543

пешина
аз 785
навбатӣ