Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар нимаи дуюми асри XX бо авҷгирии ҳарчи бештари муносибатҳои нави истеҳсолӣ ҷараёни ҳамгироии давлатҳои алоҳидаи дунё масъалаи танзими муносибатҳои иқтисодии байналмилалии кулли давлатҳои ҷаҳонро ба миён овард. Масъалаҳое пайдо шуданд, ки давлатҳои алоҳидаи дунё дар алоҳидагӣ дигар аз ӯҳдаи ҳалли онҳо баромада наметавонистанд. Бинобар ин бо иштироки фаъоли давлатҳои ҷаҳон вобаста ба ҳалли ин масъалаҳо оҳиста-оҳиста созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ, ба монандӣ ташкилотҳои назди Созмони Милали Муттаҳид, Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ва Тараққиёт (ОЭСР), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо (ТУС/ВТО), ЮНКТАД, Ташкилоти байналмилалии гумрук (МТО), Палатаи Савдои Байналмилалӣ (ПСБ/МТП), Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА/МВФ), Бонки умумиҷаҳонӣ (БУ/МБРР), Бонки Ҳисоббаробаркунии Байналмилалӣ (БҲБ/БМР), Бонки Европоии Таҷдид ва Рушд (БЕТР/ЕБРР) бунёд карда шуданд, ки фаъолияти ҳар кадоме аз ин созмонҳо дар алоҳидагӣ барои ҳалли проблемаҳои глобалии асри XX равона гардида буд.

Фаъолияти онҳо ҳар сол бо иштироки намояндагони тамоми давлатҳои аъзо ҷамъбаст карда шуда, вобаста ба дараҷаи таъмини пешрафти иқтисодиёт давлатҳо ба ин ва ё он гурӯҳҳои алоҳида дохил карда, ба онҳо ҷиҳати истифода аз имтиёзҳои барои ин гурӯҳ давлатҳо пешбинишуда шароит фароҳам оварда мешавад.

Даҳсолаҳои охири асри XX бо пешрафти техника фаъолияти шӯъбаҳои омории созмонҳои дар боло номбаршуда чунон вусъат ёфт, ки онҳо дар маҷмӯъ вобаста ба соҳаи омӯзиши бахши муайяни иқтисодиёти ҷаҳон иттилооти пурраи дақиқи ҳар давлат ва дар маҷмӯъ тамоми дунёро дар рӯзномаҳои худ чоп менамоянд. Масалан:

• Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Омори солона ва Бюллетени моҳонаи оморӣ (Statistical Yearbook) (Monthly Bulletin of Statistics);

• СММ - Омори байналмилалии молиявии солона (International Financial Statistics Yearbook );

• Бонки ҷаҳонӣ - Нишондиҳандаи иҷтимоию иқтисодии давлатҳои ҷаҳон (World Development Indicators); Атласи Бонки ҷаҳонӣ (World Bank Atlas);

• Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) - Омори байналмилалии молиявӣ (International Financial Statistics);

• ТУС - Гузориши солона (WTO Annual Report).

Ин нашрияҳоро комиссияҳои минтақавии созмонҳои дар боло зикргардида интишор менамоянд, ки дар онҳо иттилоот оид ба ҳар як мамлакат дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои умумиҷаҳонӣ оварда мешавад.

Нашрияҳои минтақавӣ дорои маълумоти умумӣ ё маълумоти муфассал оид ба ягон соҳаи мушаххас мебошанд. Дар сурате ки, агар нашрия ба проблемаҳои умумии тараққиёти минтақа бахшида шуда бошад, он, чун қоида, иттилооти муфассалро оид ба аҳолӣ ва қувваи корӣ, рушди соҳаҳои гуногун, истеҳсоли молҳои асосӣ, молия ва сатҳи зиндагиро дар минтақа дар бар мегирад; зимнан маълумот ҳам дар маҷмӯъ дар минтақа ва ҳам оид ба ҳар як кишвар оварда мешавад. Масалан, "Маҷмӯаи ҳарсолаи оморӣ барои кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором (Statistics Yearbook for Asia and the Pacific).

пешина
аз 785
навбатӣ