Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Солҳои охир созмонҳои байналмилалии зикргардида тавассути намояндагии худ иттилооти пурраро оид ба Тоҷикистон дар нашрияҳошон чоп мекунанд. Масалан, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар нашрияи худ - Transition Report 2000, СММ - Economic and Social Survey of Asia and the Pacific 2001, Бонки ҷаҳонӣ - International Financial Statistics, World Development Report 2000/2001, Доклад о мировом развитии 1999-2000 (На пороге XXI века), World Development Indicators, Барномаи тараққиёти СММ - Доклад о развитии человека за 2000 год, ҳамчунин Ҳисоботи ХБА оид ба иқтисодиёти Тоҷикистон.
Аз соли 1992 инҷониб Шӯрои сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои ИДМ дар маҷмӯаи семоҳаи худ "Содружество"
иттилооти муфассалро оид ба ҳуҷҷат ва қарорҳои дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо қабулшуда ва комёбиҳои бадастовардаи аъзои ин Созмон интишор менамояд. Кумитаи иҷроияи ИДМ аз соли 1995 инҷониб маҷмӯаи худро "Экономика СНГ" интишор менамояд.
Аз соли 1994 Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нашри маҷмӯаи "Тафсири рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳои Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ" шурӯъ намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои бо иттилооти муҳимтарин таъмин намудани сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ, соҳибкорон, созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеа дар солҳои истиқлолият ба нашри маҷмӯаҳои мухталиф оғоз намудааст. Ин маҷмӯаҳоро асосан Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Статистикаи солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Таджикистан в цифрах", "Таджикистан и страны СНГ", "Финансы Республики Таджикистан", "Промышленность Таджикистана", "Сельское хозяйство Республики Таджикистан", "Внешнеэкономические связи Республики Таджикистан", "Вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон"
ва ғайра), Бонки миллии Тоҷикистон (Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон) ва Кумитаи гумури назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Таможенная статистика внешней торговли Республики Таджикистан" нашр менамоянд.
Ҳамин тариқ, аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар тӯли 50 соли охир омӯзиши иқтисодиёти ҷаҳон чунон дақиқ ба роҳ монда шудааст, ки таҳти назорати мақомоти омор ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ тамоми ҷунбишҳои иқтисодӣ (пешрафт ва ё рукуд) ба қайд гирифта мешаванд.
Аз ин лиҳоз, иқтисодиёти миллии ҳар як кишвар дар ҷаҳони имрӯза аз ҷараёнҳои иқтисодии дар кишварҳои дигар ташаккулёбанда ҷудо амал карда наметавонад. Ҷаҳони имрӯза ин маҷмӯи низомҳои ҷамъиятию сиёсии тамоми кишварҳои дар асоси принсипу қонуниятҳои умумӣ инкишофёбанда мебошад, ки дар ҳар кишвари алоҳида хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар соҳаи иқтисодиёт ва муносибатҳои истеҳсолию иқтисодӣ солҳои охир ин низом таҳти мафҳуми иқтисоди муосири байналхалқӣ (ҷаҳонӣ) низ истифода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё