Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Мо бояд хуб дарк намоем, ки дар байни муносибатҳои нави дар боло зикргардида тиҷорати байналхалқии мол ва хизматрасонӣ (хидамот) дар робитаҳои байнамилалӣ мавқеи хосае доранд. Танҳо дар асоси дуруст ба роҳ мондани онҳо дар ҷаҳон муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ дар шакли робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва робитаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ бо давлатҳои алоҳидаи дунё, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои гуногун муносибатҳои иқтисодӣ барқарор менамоянд.
Бояд ёдовар шавем, ки дар бисёр ҳолатҳо вобаста ба матн ва мавқеи суҳбат ба ҷои иқтисодиёти ҷаҳон истилоҳоти "хоҷагии ҷаҳонӣ", "хоҷагии умумиҷаҳонӣ"-ро низ истифода мебаранд, ки маънои иқтисодиёти ҷаҳонро ифода менамоянд. Омилҳои истеҳсолот бошанд, дар бисёр ҳолатҳо дар шакли ҳаракати байналхалқии сармоя, муҳоҷирати қувваи корӣ ва тиҷорати байнамилалии нерӯи зеҳнӣ (тарзи нави фурӯши дар ҷаҳон бароҳмондашудаи технология) аз як давлат ба давлати дигар ҳаракат намуда, дар охир дар маҷмӯи ҳаҷми тиҷорати байналхалқии мол ва хадамот ба қайд гирифта мешаванд. Аммо бо вуҷуди пешрафти муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ бақайдгирии бисёре аз омилҳои пешрафти иқтисодиёти ҷаҳон то имрӯз ба роҳ монда нашудааст. Масалан, то имрӯз қудрати соҳибкорӣ доштан (соҳибкор, таҷрибаи соҳибкорӣ) аз як минтақа ба минтақаи дигар танҳо якҷоя бо омилҳои истеҳсолии дар боло зикргардида ҳаракат намуда, дар алоҳидагӣ ҳамчун шакли махсуси муносибати иқтисодии байналхалқӣ ба қайд гирифта намешавад.
Бо авҷгирии муносибатҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои ҷаҳон даҳсолаҳои охири асри XX муносибатҳои ҳисобию асъории байналхалқӣ дар хоҷагии ҷаҳонӣ бо вуҷуди аз тиҷорати байналмилалии мол ва хадамот вобастагӣ доштанаш мавқеи мустақил ва хосаеро ишғол менамояд.
Дар баробари пешрафти илмию техникӣ, авҷгирии махсусгардонии истеҳсолот ва дар ин асос босуръат афзоиш ёфтани тиҷорати (савдои) байналхалқӣ барои нақши махсус пайдо намудани муносибатҳои ҳисобию асъории байналхалқӣ, пайдоиши корпоратсияҳои азими трансмиллӣ низ мусоидат намудааст.
Ширкатҳои бузурги махсусгардонидашудае, ки дар ҳудуди давлатҳои алоҳида фаъолият мекарданд, даҳсолаҳои охири асри XX бо суръати баланд бо ширкатҳои мувобеҳи худ муттаҳид шуда, корпорасияҳои бузургро бунёд намуданд. Фаъолияти бештари онҳо аз ҳудуди як давлат берун баромада, дар муддати кӯтоҳ соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот ва молияи тамоми ҷаҳонро фаро гирифт.
Сиёсати пешгирифтаи корпорацияҳои азими трансмиллиро як давра бинобар ба зиммаи худ гирифтани ҳалли тамоми масъалаҳои иқтисодӣ роҳбарияти давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон пурра дастгирӣ намуда, ба пешрафт ва вусъатёбии фаъолияти онҳо кӯмак мерасониданд.
Ҳамин тариқ, дар як марҳилаи кӯтоҳ корпорацияҳои трансмиллӣ ба яке аз қисматҳои асосии механизми хоҷагии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд, ки мо дар бораи онҳо дар бахши алоҳида ба Шумо иттилооти муфассал медиҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё