Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

қонунан ҳифз нагардидани хоҷагиҳои фермерӣ, андозҳои гарон, рэкети маҳалӣ боиси аз байн рафтани аксарияти онҳо гардид.

Бо саршавии асри нав ва интихоби Президент Путин В.В. маълум аст, ки муносибат ба ин соҳаи муҳими ҳаётӣ дигар шуда истодааст ва умед аст, ки хоҷагии қишлоқи Федератсияи Россия дар даҳсолаҳои аввали асри XXI бечуну чаро ба дараҷаи баланди инкишофи худ мерасад.

Робитаи иқтисодии хориҷӣ. Дар асоси истифодаи захираҳои табиӣ ва бароҳмонии истеҳсолоти соҳаҳои гуногуни саноати вазнин ва сабуки мамлакат Федератсияи Россия дар тиҷорати байналмилалӣ имрӯзҳо мавқеи муайянеро ишғол менамояд. Лекин пӯшида нест, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо сабабҳои мамлакатро пурра фаро гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ ҳаҷми тиҷорати байнидавлатии Федератсияи Россия якбора хеле кам шуда буд. Федератсияи Россия аз ҷиҳати ҳаҷми савдои хориҷӣ дар соли 1993 дар миқёси ҷаҳон дар содирот ҷойи 19-ум (44,3 млрд. доллари ШМА) ва дар воридот ҷойи 23-юмро (32,9 млрд. доллари ШМА) ишғол менамуд.

Аз соли 1993 сар карда, дар натиҷаи тадбирҳои фаврии ҳукумат ҳаҷми савдои хориҷии Федератсияи Россия соли 1994 то 88,5 млрд., соли 1995 то 105,9 млрд., соли 1996 - 147 млрд., соли 1999 - 88,2 млрд. доллари ШМА расонида шуд.

Хусусияти хоси сиёсати пешгирифтаи давлат дар масъалаи савдои хориҷӣ пеш аз ҳама дар он зоҳир гашта буд, ки аз соли 1993 сар карда дар тавозуни савдои хориҷӣ ҳаҷми содирот нисбат ба воридот қариб ҳар сол тамоил ба афзоиш дошт. Ин нишондиҳанда соли 1994 - 14,4 млрд., соли 1995 - 22,7 млрд., соли 1996 - 27,9 млрд., соли 1999 - 35,1 млрд. доллари ШМА-ро ташкил намуд. Дар баробари таъмини афзоиши ҳаҷми содироти ашёи хоми энергетикӣ, металлҳои сиёҳ ва ранга, маҳсулоти химиявӣ, ҳаҷми хариди ғалла ва воридоти молҳои хӯрокворӣ сол аз сол кам шуда истодааст. Аммо бояд қайд намоем, ки даҳ соли аввали соҳибистиқлолӣ низ номгӯи зиёди маҳсулоти содиротии Россияро ашёи хом ва маводи аввалии истеҳсолот ташкил медод. Зиёда аз 55%-и ҳаҷми солонаи содироти

пешина
аз 785
навбатӣ