Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
худро пурра бо ғалла таъмин карда, ба давлатҳои содиркунандаи ғалла табдил ёфтанд.
Россия, ки дар аввалҳои асри XX яке аз давлатҳои асосии содиркунандаи маҳсулоти ғалла ва гӯшту шир ба ҳисоб мерафт, имрӯзҳо ба воридкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ табдил ёфтааст. Соли 1995 Федератсияи Россия барои пурра таъмин намудани аҳолӣ аз хориҷаи дуру наздик сеяки ҳаҷми озуқавориро ворид намуд. Бояд қайд кунем, ки чунин нишондиҳанда мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ маънои аз даст додани амнияти озуқавории мамлакатро дорад. Бӯҳрони иқтисодӣ дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи кишоварзиро низ фаро гирифта буд.
Ҳар сол бо сабабҳои гуногуни беасос, масалан, суст шудани роҳбарии марказонидашуда, дар мӯҳлати муайян бо маблағи лозима таъмин накардани соҳаи кишоварзӣ, нарасидани воситаҳои техникӣ ва маводи сӯзишворӣ, кам шудани ҳаҷми замини қорам ва ғайра ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ торафт кам мешуд.
Соли 1995 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Федератсияи Россия 34% кам шуд. Дар ин сол ҳаҷми истеҳсоли гандум 46%, лаблабуи қанд 41%, гӯшт ва маҳсулоти гӯшт 40%, шир ва маҳсулоти он 29% кам шуд. Соли 1999 нисбат ба соли 1991 саршумори чорвои калони шоҳдор 31%, хук 41%, гӯсфанд 39 фоиз кам шуд.
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки бо ин андоза кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саршумори чорворо Федератсияи Россия ҳатто солҳои вазнини Ҷанги дуюми ҷаҳон надида буд.
Мувофиқи натиҷаҳои соли 1995 Россия дар байни кишварҳои ҷаҳон аз ҷои 6-ум ба ҷои 40-ум паст фаромад. Дар мамлакат истеҳсоли гӯшту шир, равған, моҳӣ, қанд, мева дар соли 1995 нисбат ба соли 1991 ду маротиба кам шуд. Чунин ҳолат ба ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ таъсири манфии худро расонид.
Панҷсолаи охири асри XX Ҳукумати Федератсияи Россия барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои зиёде андешида буд. Бунёди зиёда аз 280 ҳазор хоҷагиҳои фермерӣ мебоист дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ пешрафти босуръати кишоварзиро таъмин менамуд, аммо ивазшавии зуд-зуди роҳбарияти сатҳи олии ҳукумати мамлакат,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор