Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Нишондиҳандаҳои ҷадвали №40 гувоҳӣ медиҳанд, ки Федератсияи Россия дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ баъд аз 6 соли пастравии тамоми соҳаҳои истеҳсолот яке аз аввалинҳо шуда, пешрафти соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолоти ватаниро ба роҳ монда, афзоиши номгӯи зиёди мол ва маҳсулоти саноатиро таъмин намуда истодааст.
Солҳои охири асри ХХ Ҳукумати Федератсияи Россия дар асоси таҷрибаи татбиқшудаи ҷаҳонӣ ба истифодаи васеи таҷҳизот ва воситаҳои нави техникиЕ, ки нисбат ба таҷҳизоти мавҷуда сарфаи қувваи зиёди барқро таъмин менамояд, шурӯъ намуд. Мувофиқи ҳисобҳои мутахассисони ин соҳа, бо татбиқи технологияи пурсамари сарфакунандаи қувваи барқ Россия дар соли 2010 - 112 млрд. кВТ/соат қувваи барқро сарфа намуда, барои пешрафти соҳаҳои дигари истеҳсолот равона карда метавонад. Ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2010 дар Федератсияи Россия истеҳсоли қувваи барқ ба 1269 млрд. кВТ/соат расонида мешавад.
Кишоварзӣ. Солҳои охири асри ХХ соҳаи кишоварзии ҷаҳон босуръат инкишоф меёфт. Мисли солҳои гузашта давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ба монанди ШМА ва давлатҳои Европаи Ғарбӣ, ки дар баробари пурра таъмин намудани аҳолии худ, қисми зиёди аҳолии дунёро бо маҳсулоти озуқа таъмин менамоянд, истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор мераванд.
Дар баробари давлатҳои зикрёфта, давлатҳои зиёди рӯ ба инкишоф низ бо мақсади сарфа кардани асъори хориҷӣ ва захираи тиллои давлати худ ният доранд дар заминаи истифодаи тухмии аълосифат ва таҷрибаи пешқадами агротехникии ҷаҳонӣ талаботи аҳолии кишвари худро бо маҳсулоти озуқа бидуни воридот таъмин намоянд. Ҷумҳурии Халқии Ҳитой ва Ҳиндустон, ки аслан воридкунандагони асосии маҳсулоти ғалла ба шумор мерафтанд, дар натиҷаи ба роҳ мондани сиёсати "инқилоби сабз" ҳаҷми истеҳсоли солонаи ғалларо дар кишвар ду-се маротиба зиёд намуда, аҳолии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор