Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
маҳсулоти Федератсияи Россияро ашёи хом ташкил менамуд. Танҳо маблағи аз савдои нафти хом ва гази табиӣ бадастовардаи Федератсияи Россия 35%-и ҳаҷми умумии асъори хориҷии ба мамлакат воридшударо ташкил менамояд.
Дар баробари нафт ва гази табиӣ бинобар ба роҳ монда нашудани коркарди пурра бисёр маҳсулоти ашёи хом - 90%-и алюминий; 85%-и нуриҳои минералӣ; 80%-и мис; 70%-и металли сиёҳ; 41%-и нафти хом; 40%-и никел; 35%-и алмос; 33%-и гази табиӣ; 31,2%-и селлюлоза; 25%-и маҳсулоти нафтӣ; 11,6%-и ангиштсанг; 6,7%-и чӯян ба хориҷи кишвар содир карда мешаванд (бо фоиз аз ҳаҷми умумии истеҳсол).
Дар соли 2001 низ Федератсияи Россия дар содироти номгӯи зиёди ашёи хом дар ҷаҳон пешсафиро аз даст надода истодааст. Федератсияи Россия 25%-и фурӯши ҷаҳонии алюминий, 20%-и никел, 11%-и мис ва 8,4%-и фурӯши руҳро таъмин менамояд.
Федератсияи Россия дар тӯли 10 соли охир мавқеи солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар соҳаи содироти мошин ва воситаҳои техникӣ дар бозори ҷаҳонӣ бадастовардаро қариб пурра аз даст додааст. Ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳаи мошину техникӣ дар ин давра панҷ маротиба кам шуда, аз 12,5 млрд. доллари солона ба 2,5 млрд. доллари ШМА паст фаромадааст. Ҳаҷми содироти мошину олоти техникӣ дар мамлакат аз 20% ба 7,1% поён рафтааст. Номгӯи зиёди мошинолоти Федератсияи Россия дар бозори ҷаҳонӣ солҳои охир бинобар қобили рақобат набудан мавқеи худро аз даст додаанд. Рақамҳои ҷамъбастии асри ХХ нишон медиҳанд, ки ҳиссаи маҳсулоти саноати мошинсозӣ ва таҷҳизоти техникӣ дар содироти чунин давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон, ба монанди Япония - 96%, Швейтсария - 93%, Тайван - 93%, Кореяи Ҷанубӣ ва Гонконг - 92%-ро ташкил медиҳад. Россия бошад, бо ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷои 50-умро ишғол мекунад. Федератсияи Россия ҳаҷми содироти яроқ ва техникаи ҳарбиро босуръат зиёд намуда истодааст. Фурӯши яроқ дар бозори ҷаҳонӣ солҳои охири асри ХХ ба яке аз шоҳаҳои бизнеси бузург мубаддал гаштааст. Аз ҷиҳати ҳаҷми фурӯши яроқ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор