Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мувофиқи рақамҳои дар ҷадвали №39 овардашуда истеҳсолкунандагони асосии платина дар ҷаҳон Африкаи Ҷанубӣ ва Россия мебошанд. 67% истеҳсоли ҷаҳонии тиллои сафедро Африкаи Ҷанубӣ ва 20%-и онро Федерасияи Россия таъмин менамоянд.

Ҳаҷми солонаи истеҳсоли тиллои сафед дар Россия 130-140 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳаҷм ҳар сол ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна то 40 тонна бароварда мешавад.

Вобаста ба хусусиятҳои хоси он даҳсолаҳои охири асри XX бинобар ҳарчи бештар дар соҳаҳои дақиқи истеҳсолот, автомобилсозӣ истифода гардидани он талабот ба платина нисбат ба тилло зиёд шуда истодааст.

Арзиши як унтсияи тройи платина 427 доллари американӣ муайян шудааст, ки нисбат ба арзиши тилло 50% қиматтар аст.

Ҷадвали №39
Бозори ҷаҳонии платина (бо ҳаз. унтсияи трой)

Истеҳсол199419951996
Африкаи Ҷанубӣ315533503425
Россия102012501125
Дигар кишварҳо360335350
Плати3220360400
Ҳамагӣ48535295310
Талабот199419951996
Ҳамагӣ484051205230
Аз ҷумла бахши автомобилӣ191520152070
Саноати ҷавоҳирот172018001840
Дигар соҳаҳои саноат8109601020

Маҷмӯи таҳвилоти ҷаҳонии платина дар соли 1999 - 157,7 т. ташкил дод.

Палладий (Pd) - дар намуди зоҳирӣ ва хусусият ба платина монанд буда, қобилияти хубтари ба худ кашидани гидрогени газгунро дорад. Палладийро соли 1803 олими англис У.Волластон кашф намудааст. Палладий ҳам монанди платина дар протсесси тоза кардани мис ва никел истеҳсол карда мешавад. Аз се ду ҳиссаи ҳаҷми умумии истеҳсолоти ҷаҳонии палладийро (5 млн. унтсияи трой) Федерасияи Россия таъмин менамояд.

пешина
аз 785
навбатӣ