Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

карда мешаванд. Истеҳсоли алмос имрӯзҳо дар панҷ кони зеризаминӣ ("Мир", "Удачная", "Синитанская", "Ботуабинская") ва ду кони кушод ба роҳ монда шудааст.

Аввалҳои соли 1995 бо пешниҳоди олимон корҳои омӯзишию тадқиқотӣ дар кони калонтарини алноси ба номи М.В. Ломоносов вилояти Архангелск (Баҳри Сафед) шурӯъ шуд.

Захираҳои алноси ин конҳо дар ҳаҷми 30 млрд. доллари ШМА баҳо дода шудаанд.

Барои коркарди захираҳои мавҷуда пешбинӣ шудааст, ки усулҳои нави ихтироъшударо, ки маҳсулнокии корро дар ин конҳо ду баробар зиёд мекунанд, истифода намоянд. Дар натиҷа афзоиши солонаи истеҳсоли алмос дар соли 1995-2000 - 1,3 млрд. доллари ШМА-ро ташкил намуд. Зиёда аз 60%-и алмосҳои пароканда, ки дар корхонаи коркарди алноси шаҳри Смоленск ба бриллиант табдил дода мешаванд, маҳсули кони Ломоносов мебошанд.

Бояд қайд намоем, ки фурӯши сангҳои тайёри қиматбаҳо низ проблемаҳои зиёд дорад. Истеҳсоли алмоси тамоми давлатҳои ҷаҳон ва коркарди он (бидуни Россия) зери назорати ширкати "Де Бирс" қарор дорад.

Ба воситаи сохторҳои хизматрасонии махсус бештари сангҳои қиматбаҳо дар давлатҳои ба дараҷаи баланди тараққиёт расида фурӯхта мешавад. Бо мурури замон Антверпен (Белгия) ба маркази алмоси дунё табдил ёфтааст. Дар ин шаҳр корхонаҳои коркарди санги Федератсияи Россия низ намояндагии худро доранд. Ба воситаи ин марказ нисфи бриллианти ҷаҳон - дар як сол ба маблағи то 8 млрд. доллари ШМА хариду фурӯш мешавад.

Платина (тиллои сафед). Ба чашми инсон платина оҳани сафеди дурахшони нуқраранг метобад ва барои истифода дар шакли сабикаи (хиштчаи) майда омода карда мешавад. Хусусияти ба худ кашида гирифтани гидрогени газгунро дорад.

Платина дар Америкаи Ҷанубӣ кашф шуда, ба қитъаи Европа соли 1750 оварда шудааст. Ҳаҷми асосии платина дар протсесси тоза намудани мис ва никел истеҳсол карда мешавад.

пешина
аз 785
навбатӣ