Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аслан ин соҳа барои Федератсияи Россия соҳаи навбунёд ба ҳисоб меравад. Бори аввал Россия ба истеҳсоли алмос соли 1955 оғоз карда буд. Баъд аз захираи муайяни сангҳои қиматбаҳои алмос соли 1967 саноати коркарди алмос ба роҳ монда шуд. Ин аст, ки Россия дар ҷаҳон ягона давлате ба шумор меравад, ки дар он дар баробари истеҳсол, коркарди саноатии алмос, содироти маводи хом ва бриллиантро дар якҷоягӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷадвали №38
Истеҳсоли ҷаҳонии алмос дар соли 1997
(млн. карат)

Ҷадвал:
Кишвар | Алмос
Табиӣ | Сунъӣ | Ҳамагӣ
Ҳамагӣ | 57,7 | 451,0 | 508,7
ШМА | - | 125 | 125
ИДМ (Россия) | 9,6 | 113,0 | 122,6
ҶАҶ | 5,8 | 60,0 | 65,8
Ирландия | - | 60,0 | 60,0
Япония | - | 32,0 | 32,0
Шветсия | - | 25,0 | 25,0
Австралия | 22,1 | - | 22,1
Конго | 12,5 | - | 12,5
Ботсвана | 5,0 | - | 5,0
Кишварҳои дигар | 1,8 | 20,0 | 21,8

Рақамҳои дар ҷадвали №38 гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳаҷми алмоси дар Федератсияи Россия истеҳсолшуда 24,1%-и алмоси ҷаҳониро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди захираи азими алмос дар Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Федератсияи Россия дар ин бахш баъд аз ШМА ҷои дуюмро ишғол менамояд. Аммо аз сабаби он, ки бозори фурӯши алмос асосан дар давлатҳои тараққикардаи дунё ба роҳ монда шудааст, Федератсияи Россия аз фурӯши он зарар мебинад.

Конҳои алмос дар Федератсияи Россия дар асл хеле бисёранд, аммо на ҳамаи онҳо пурра истифода бурда мешаванд. Минтақаи бойтарини алмоси мамлакат Ҷумҳурии Саха (Якутия) ба ҳисоб меравад. Танҳо дар корхонаи "Алмосҳои Россия"-(Саха), ки соли 1993 бунёд шудааст, 99,8%-и тамоми алмоси Федератсияи Россия истеҳсол

пешина
аз 785
навбатӣ