Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Гарчанде ки солҳои охир Ҳукумати Федератсияи Россия барои афзун гардондани ҳаҷми истеҳсоли тилло чораҳои зиёди фаврӣ андешида бошад ҳам, ҳаҷми истеҳсоли солонаи тилло сол аз сол кам шуда истодааст. Агар соли 1992 - 146,1 тонна, соли 1993 - 149,3 тонна, соли 1994 - 142,6 тонна тилло истеҳсол карда шуда бошад, пас соли 1995 ҳамагӣ 101,3 тонна, соли 1996 - 86,1 тонна истеҳсол карда шудааст.

Алмос. Сарзамини Федератсияи Россия аз қиматтарин сарвати табиат - алмос низ бой аст.

Алмос сахттарин моддаи органикии Замин ба шумори меравад. Мувофиқи ҷадвали Моос сахтии ин модда ҳадди аксар - 10 аст.

Бинобар сахт будан алмос барои буридан, пармакунӣ, суфтакунӣ ва ба сифати нимноқил истифода бурда мешавад. Вале бартарияти асосии алмос дар он аст, ки дар сурати зиёда аз 10 карат (1 карат= 0,2 г) будани вазнаш баъд аз суфта кардан аз онҳо санги қиматбаҳотарини дунё - бриллиант ҳосил мегардад.

Алмосҳои ҳаҷман калон дар таърихи инсоният хеле кам дучор шудаанд. Калонтарин алмосҳои дар дунё ёфтшуда "Куллинаи" (3106 карат, ба қисмҳо бурида шудааст), "Эксселсиор" (971.5 карат), "Сиерра-Леоне" (969 карат), "Великий Могол" (787 карат), "Ҷонкер" (726 карат) дар ҷаҳон машҳуранд. Калонтарин алмосҳои Россия - "Орлов" (190 карат), "Шаҳ" (89 карат) дар Фонди алмос нигоҳ дошта мешаванд.

Дар ҳудуди Россия конҳои азими алмос кашф ва истифода мегарданд. Аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли алмос Федератсияи Россия баъд аз Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар ҷаҳон дар ҷои дуюм қарор дорад.

Аз ҳаҷми умумии 100 млн. карат алмоси дар ҷаҳон истеҳсолшаванда 25%-и он дар конҳои Федератсияи Россия истеҳсол карда мешавад. Арзиши аслии захираи конҳои дақиқшудаи алмоси Федератсияи Россия имрӯзҳо ба ҳаҷми 5 млрд. доллари ШМА муқаррар шудааст.

пешина
аз 785
навбатӣ