Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Саноат. Дар Россияи имрӯза майлони пастравии истеҳсолоти саноатӣ ва тағйирёбии амиқи сохтории он ҷараён дорад. Андозаи камшавии истеҳсолоти саноатӣ дар Россия баробар ба андозаи пастшавии арзиши ММД мебошад. Агар соли 1991 пастравии ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ 8%-ро ташкил дода бошад, пас соли 1992-18%, 1993-14%, 1994-21%, 1995-3%, 1996-4,5% паст фаромад. Аз 406 номгӯи муҳими маҳсулоти саноатӣ пастравии истеҳсолот дар 386 номгӯи мол мушоҳида карда шуд.
Бояд қайд намоем, ки дар тӯли 6 соли баъди истиқлолият истеҳсол дар соҳаи саноати маснуоти мошину техникӣ якбора 80% паст гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маснуоти баландсифати технологӣ ва илмталаб низ 90% паст фаромад.
Давлати бузургтарини содиркунандаи воситаҳои техникӣ ва дастгоҳҳо якбора дар миқёси ҷаҳон аз ҷои 6-ум ба ҷои 24-ум фаромад. Бар замми ин сол аз сол фарсудашавии дастгоҳҳо ва сари вақт онҳоро ба дастгоҳҳои замонавӣ иваз накардан боиси дар бозори ҷаҳонӣ рақобат карда натавонистани молҳои истеҳсолшуда мегардид. Панҷсолаи охири асри XX сифати молҳои зиёди саноатии Федерацияи Россия на танҳо аз сифати молҳои давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, балки аз молҳои давлатҳои нави саноатӣ ва ҳатто баъзе давлатҳои рӯ ба инкишоф пасттар буд.
Албатта чунин тамоил таъсири бевоситаи худро ба ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи саноати коркард нарасонида наметавонист. Дар соли 1992 арзиши изофаи дар соҳаи саноати коркарди Россия ташаккулёфта ба ҳар як коргари дар соҳа машғулбуда 12788 доллари ШМА-ро ташкил дод, бо ин нишондиҳанда чунин давлати пуркудрати ҷаҳон дар байни давлатҳои ҷаҳон ҷои 26-умро ишғол намуд. Ҳалли масъалаи бартараф кардани чунин қафомонии иқтисодӣ ва таъмини афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо роҳи дар сатҳи 40%-и нархи ҷаҳонӣ нигоҳ доштани нархи маводи ҳомили энергияю ашёи хом ва маош бошад, дар доираи 25-30 фоизи сатҳи он дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон имконпазир мегардид. Чунин сиёсатро баъд аз инқилоби соли 1979 ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш гирифта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор