Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
пешрафти соҳаи кишоварзӣ боиси он гардид, ки соли 1998 содироти маҳсулоти кишоварзӣ 40,2%-и даромади мамлакатро ташкил дод. Таҷрибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар бахши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ин рӯзҳо ҳамто надорад. Ин давлат бо маҳсулоти баландсифати худ тамоми бозорҳои бузурги ҷаҳон - Швейтсария, Япония, Германия, Британияи Кабир, ШМА ва Голландияро азхуд намудааст. Дар баробари содирот Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ аз давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққинамудаи ҷаҳон ба мамлакати худ маҳсулоти химиявӣ, таҷҳизоту мошин, масолеҳи сохтмон, электроника, воситаҳои нақлиёт, қисмҳои эҳтиётӣ, мошинҳои сабукрав ворид мекунанд.
Ҳиссаи сектори давлатӣ дар ММД 35%-ро ташкил менамоянд. Барои инкишоф додани сектори хусусӣ тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Нақши сармояи давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ пешрафтаи ҷаҳон дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ хеле бузург аст. Масалан, корпорацияи истихроҷи маъдани Англияю ШМА "Дебирс" 80% бозори ҷаҳонии фурӯши алмосро назорат мекунад.
Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ сиёсати иқтисодии худро дигар намуда, бо мақсади дучанд кардани даромадаш соҳаи саноати коркардро ривоҷ дода, аз содироти маводи хом бештар ба маҳсулоти тайёр гузашта истодааст. Барои бо тезӣ иҷро шудани ин мақсад, Ҳукумати Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ аз сиёсати протектсионизми давлатӣ даст кашида, меъёрҳои нави ҳавасмандгардонии сармоядорони хориҷиро пеш аз ҳама, бо мақсади истеҳсоли молҳои содиротӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак, ки маҳсулоти онҳо аслан бояд ба хориҷа содир карда шавад, таҳия менамояд.
Дар номгӯи давлатҳои дорои дараҷаи миёнаи тараққиёт солҳои охири асри XX Чили мавқеи хосае дорад. Дар натиҷаи истифодаи дастовардҳои илмию техникии ҷаҳон истифодаи сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак даҳсолаҳои охир яке аз давлатҳои бо суръати баланд тараққикунандаи ҷаҳон гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор