Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бо дараҷаи таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакат Чили баъд аз давлатҳои нави саноатии минтақаи Осиё ва Хитой соли 2000 ҷои ҳафтумро ишғол менамояд.

Дар натиҷаи таъмини афзоиши солонаи ҳаҷми ММД ба 7% ҳаҷми ММД дар соли 1977 ба ҳар сари аҳолӣ то 9850 доллари амрикой расонида шуд. Ин нишондиҳанда аз нишондиҳандаҳои давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ пешрафтаи ҷаҳон баландтар буд.

Чили ба чунин пешрафти иқтисодӣ дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодиёте, ки солҳои 1970-80-ум Ҳукумати Пиночет анҷом дода буд, ноил гардид.

Ҳукумати Пиночет зина ба зина корхонаҳои давлатиро хусусӣ намуда, дар баробари мӯътадил гардонидани вазъи молиявии мамлакат, ислоҳоти андоз, бонкӣ, либерализатсияи бозори молиявӣ, тиҷорати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро анҷом дода, барои ҳавасманд намудани сармоягузорони хориҷӣ тамоми монеаҳоро аз байн бардошта, фоизи андозҳоро то ҳадди ақал кам кард.

Дар рафти бозсозии сохтори давлатӣ иқтисодиёти мамлакатро ба талаботу меъёрҳои нави байналмилалии тақсимоти меҳнат мувофиқ кунонида, қонунҳои вобаста ба ҳифзи сармоя ва моликияти хусусиро тасдиқ намуд.

Хусусан, таҷрибаи Чили оид ба хусусигардонии моликияти ҷамъиятӣ барои давлатҳои нави соҳибистиқлол манфиатбахш мебошад. Дар рафти гузаронидани хусусигардонӣ ба ягон саросемагӣ роҳ дода нашуд. Вобаста ба вазъи иқтисодии мамлакат хусусигардонӣ дар якчанд давраҳо анҷом дода шуда, корхонаҳое, ки ба муфлисшавӣ дучор шуда буданд, ба фурӯш гузошта шуданд. Бо ин роҳ корхонаҳо аз дасти шахсони ноӯҳдабаро гирифта шуда, ба шахсони кордон дода мешуданд.

Солҳои охир Чили бо ҳаҷми маблағҳои барои пешрафти илм ва таъмини пешрафти технологӣ ҷудо намудаи худ тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат овард. Агар соли 1982 маблағи барои илм ҷудошуда 0,2%-и тамоми хароҷоти корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавии конструкториро ташкил дода бошад, пас солҳои 1992 - 9,9%, 1996 - 20% ва соли 1998 - 22%-ро ташкил намуд.

пешина
аз 785
навбатӣ