Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Венесуэла ин нишондиҳанда ба 7750 доллари амрикой расонида шудааст. Ин нишондиҳанда дар Ироқ, ки аз ҷиҳати захираи нафт яке аз давлатҳои пешқадамтарини ҷаҳон ба шумор меравад, то соли 1991-ум 3396 доллари амрикоиро ташкил медод. Бо сабаби шикаст хӯрдан дар ҷанг бо Кувайт, тезутунд шудани муносибатҳои сиёсии Ироқ бо ШМА ва Кувайт, ки дар натиҷаи он аз соли 1991 инҷониб барои тамоман бастани роҳи тиҷорати нафти хом - эмбарго - муҳосираи иқтисодии Ироқ ба ҷаҳониён эълон карда шуд, ҳаҷми ММД-и Ироқ ба ҳар сари аҳолӣ аз 3396 доллари ШМА ба 698 доллари амрикой паст фаромад.
Бояд тазаккур дод, ки давлатҳои истеҳсолкунандаи нафти гурӯҳи дуюм - Индонезия, Тунис, Миср, Сурия аз давлатҳои нафтистеҳсолкунандаи Шарқи Наздик куллиан фарқ мекунанд. Дар баробари истеҳсол ва содироти миқдори муайяни нафт аз ин давлатҳо фулузоти ранга, каучуки табиӣ, чӯб, маҳсулоти хӯрокворӣ содир карда мешавад. Ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давлатҳои номбурда аз 3705 доллар дар Индонезия то 7151 доллари амрикой дар Сурия тафовут дошт. Даҳсолаҳои охир дар баробари давлатҳои истеҳсолкунандаи нафт дар иқтисодиёти ҷаҳон мавқеи муҳимро давлатҳои қитъаи Африка - Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Марокаш, Камерун, Тунис, Эквадор, Парагвай ишғол мекунанд. Бо вуҷуди дар ҳудуди давлатҳои номбурда мавҷуд набудани миқдори зиёди нафт иқтисодиёти худро аз ҳисоби инкишоф додани саноати вазнин, саноати истихроҷи маъдан, саноати сабук ва кишоварзӣ пеш бурда истодаанд.
Дар байни давлатҳои қитъаи Африка Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, ҳам аз ҷиҳати пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ҳам аз ҷиҳати таъмини дараҷаи миёнаи зиндагӣ ҷои аввалро ишғол менамояд. Солҳои охир ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолии мамлакат то 4550 доллари амрикой расонида шуд.
Номгӯи асосии молҳои содиротии ин давлатро алмос, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, тилло, уран, фулузоти ранга, маҳсулоти хоми маъданӣ, хӯрокворӣ ташкил менамояд. 52%-и ҳаҷми умумии содиротро тилло, фулузоти ранга ва алмос ташкил медиҳад. Таъмини

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор