Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳамин тавр, дар мамлакатҳои нави соҳибистиқлол, унсурҳои ҷамъияти капиталистӣ оҳиста-оҳиста қувват гирифта, бо иштироки сармояи хориҷӣ ба пешрафти соҳаҳои даромадноки ин давлатҳо кӯмак мерасонданд. Бояд зикр намуд, ки пайдоиши ҷамъияти капиталистӣ дар давлатҳои тозаистиқлол нисбат ба давлатҳои мутараққии ҷаҳон куллан фарқ менамояд. Агар ҷаҳони капиталистӣ дар "марказ", зина ба зина, дар натиҷаи истифодаи сарватҳои зеризаминии миллӣ, такмили техникии соҳаҳои истеҳсолоти мамлакат, таъмини афзоиши сармояи мамлакат дар як муддати муайяни таърихӣ ба вуҷуд омада бошад, дар давлатҳои рӯ ба инкишофи "ғайримарказ" унсурҳои капитализм дар натиҷаи ба мамлакат ворид намудани сармояи хориҷӣ, технология ва сиёсати хориҷӣ якбора ба вуҷуд омаданд. Бояд таъкид кард, ки чунин тақлидкорӣ, агар барои шумораи начандон зиёди давлатҳои рӯ ба инкишоф шароити хуби пешрафти иқтисодӣ муҳайё карда бошад, пас барои аксарияти ин давлатҳо, баръакс, ба тараққиёти истеҳсолот монеъ шуда, сатҳи зиндагии аҳолии ин мамлакатҳоро хеле паст намуд. Аз чунин бозсозиҳо табақаҳои имтиёзноки аҳолӣ истифода бурда, тамоми соҳаҳои истеҳсолоти амалкунандаро хусусӣ карда, қисми зиёди аҳолиро ба қашшоқӣ оварда расонданд.
Сармоягузорони хориҷӣ бошанд, пеш аз ворид ба бозори давлатҳои рӯ ба инкишоф, вазъи сиёсии ин давлатҳо, сарватҳои зеризаминӣ, конҳои канданиҳои фоиданок ва ашёи хоми онҳоро ба назар гирифта, сармояи худро, пеш аз ҳама, ба соҳаҳое равона мекунанд, ки аз истифодаи он даромади зиёдтар гиранд.
Бо вуҷуди серталабии сармоягузорони хориҷӣ роҳбарияти давлатҳои рӯ ба инкишоф барои ҳавасманд кардани сармоягузорон ба онҳо баҳри бунёди корхонаҳои нав ва ҷалб кардани қисми муайяни аҳолии маҳаллӣ имтиёзҳои зиёди иловагӣ медоданд ва гузаштҳои сиёсӣ мекарданд. Чунин шароит оҳиста-оҳиста иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба инкишофро аз сармояи хориҷӣ сахт вобаста намуда, танҳо пешрафти яктарафаи соҳаҳои иқтисодиётро таъмин мекунаду халос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор