Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин дар даҳсолаҳои аввали баъди соҳибистиқлол шудан низ дар бисёр давлатҳои рӯ ба инкишоф кашшокӣ, шумораи зиёди бекорон, сатҳи пасти зиндагӣ ва афзудани маблағи қарзҳои аз давлатҳои мутараққии ҷаҳон гирифташуда, мушоҳида карда мешавад.

Солҳои 1960-70 қисми зиёди ин давлатҳо бо мақсади ҳифзи моликият ва сарватҳои мамлакати худ ва ҳарчи тезтар аз қашшокӣ баровардани миллати худ қарор доданд, ки бар хилофи сармоягузорони хориҷӣ милликунонии истеҳсолоти монополияҳои хориҷиро анҷом дода, назорати давлатиро аз болои боигарии табиии мамлакати худ ҷорӣ намоянд.

Мувофиқи маълумоти ташкилотҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ин давра, агар моликияти зиёда аз 1500 шӯъбаи корпоратсияҳои хориҷӣ, ширкатҳо ва бонкҳои хориҷӣ миллӣ кунонида шуда бошад, дар фаъолияти ширкатҳои зиёди савдо, хизматрасонӣ ва суғурта маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ карда шуданд. Дере нагузашта, чунин амал дар бисёр давлатҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳон натиҷаҳои назаррас дод. Суръати афзоиши солонаи ҳаҷми ММД дар солҳои 1956-1980 - 5,54% ташкил карда, аз суръати афзоиши солонаи ҳаҷми ММД-и давлатҳои мутараққии ҷаҳон, ки дар он давра 4,06% ташкил менамуд, пеш гузашт.

Тадриҷан шароити аз байн бардоштани қафомонии давлатҳо пайдо шудан гирифт. Дар ин давра роҳбарияти давлатҳои рӯ ба инкишоф роҳи ягонаи халосиро дар саноатикунонии мамлакат медиданд. Мақсад аз саноатикунонии мамлакат дар он буд, ки дар асоси истифодаи захираҳои ашёи хом ва сарватҳои табиӣ пешрафти соҳаҳоеро таъмин намоянд, ки бевосита барои пешрафти кулли иқтисодиёти мамлакат асос гузошта тавонанд. Дар давлатҳои рӯ ба инкишоф амалӣ шудани чунин мақсад пеш аз ҳама, дар пешрафти саноати коркарди ашёи хом дида мешуд. Бунёди корхонаҳои саноати коркарди ашёи хом ва сарватҳои табиӣ боиси афзудани арзиши аслии маҳсулоти онҳо гардида, барои равнақу ривоҷ додани соҳаҳои дигар шароит фароҳам меоварад.

пешина
аз 785
навбатӣ